ТАМОС БО МО
Тибқи дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ рӯзи 1 июли соли 2019 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» дар доираи сафари расмии Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Сума Чакрабарти ба Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Президенти Бонк бо роҳбарияти вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, соҳибкорон ва воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои рушди бахши хусусӣ ва ҳамгироии минтақавӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, ташрифи Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Сума Чакрабартиро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Сипас, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид баромад намуда, қайд намуд, ки мо Бонки аврупоии таҷдид ва рушдро яке аз шарики асосӣ ва боэътимоди худ мешуморем, ва миннатдории худро ба роҳбарияти бонк, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд изҳор намуд.
Баъд аз суханронии намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Сума Чакрабарти суханронӣ намуданд.
Дар чорабинӣ меҳмонон, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва бахши хусусию соҳибкорон иштирок намуданд. Дар рафти вохӯрӣ мубодилаи афкор байни иштирокчиён баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 фаъолият намуда истодааст.
Фаъолияти Бонк дар ҷумҳурӣ асосан ба рушди бахши хусусӣ, таҳкими бахши молиявӣ, дастгирии инфрасохтори муҳим ва беҳсозии сифати таъминот бо нерӯи барқ, идоракунӣ ва сарфаи нерӯи барқ, обтаъминкунии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои коммуналӣ, рушди соҳаи нақлиёт равона карда шудааст.
Ба ҳолати 1 июни соли 2019 маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда ва анҷомёфтаи Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи умумии зиёда аз 840 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд, ки аз ин 585 млн. доллари ИМА ба бахши давлатӣ ва беш аз 260 млн. доллари ИМА ба бахшҳои молиявӣ ва хусусӣ, равона гардидааст.
Айни замон, дар ҷумҳурӣ бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 22 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ, энергетика ва нақлиёт ба маблағи 521,7 млн. доллари ИМА мавриди татбиқ қарор доранд.
Инчунин, аз ҷониби Бонки мазкур маблағгузории 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши давлатӣ ба маблағи 290,4 млн доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.