ТАМОС БО МО
Санаи 21 июни соли 2019, соати 9:00 дар бинои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» баргузор гардид. Тибқи рӯзномаи Маҷлис масъалаҳои зерин баррасӣ карда шуданд.
1. Ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2018.
2. Хулосаи аудитори ҷамъияти саҳоми кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2018.
3. Ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2018.
4. Оид ба зиёд намудани сармояи онномавии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун».
5. Оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун».
6. Интихоби аъзои Шӯрои нозирони ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун».
7. Интихоби аъзои комиссияи тафтишотии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун».
8. Интихоби аъзои комиссияи баҳисобгирии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун».
9. Тасдиқи аудитори ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2019 ва подошпулии он.
Дар натиҷаи баррасӣ ва овоздиҳӣ нисбати масъалаҳои рӯзномаи Маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардиданд:
Ҳисоботи солона ва ҳисоботи муҳосибавии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2018 тасдиқ карда шуданд.
Хулосаи аудитори ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2018 тасдиқ карда шуд.
Ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» барои соли 2018 тасдиқ карда шуд.
Қарор карда шуд, ки оинномавии ҶСК «НБО Роғун» бо роҳи барориши саҳмияҳои иловагӣ ба миқдори 35 600 000 (сию панҷ миллиону шашсад ҳазор) саҳмияҳои оддӣ бо арзиши номиналии ҳар як саҳмия баробар ба 100 (сад) сомонӣ ба маблағи 3 560 000 000 (се миллиарду панҷсаду шаст миллион) сомонӣ зиёд карда шавад.
Сармояи оинномавии ҶСК «НБО Роғун» ба маблағи умумии 27 760 000 000 (бисту ҳафт миллиарду ҳафсаду шаст миллион) сомонӣ тасдиқ гардид.
ҶСК «НБО Роғун» вазифадор гардид, ки тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ зиёдшавии сармояи оинномавӣ ва барориши саҳмияҳои иловагии ҷамъиятро дар мақомоти ваколатдори давлатӣ таъмин намояд.
Вобаста ба ин қарор қабул гардид, ки дар банди 20 Оинномаи ҶСК «НБО Роғун» тағйиротҳои зарурӣ ворид карда шаванд.
Аъзои Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» дар ҳайати 13 нафар тасдиқ гардида, ба ҳайати он шахсони зерин интихоб карда шуданд:
Қоҳир Расулзода - Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Давлаталӣ Саид - муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Азим Иброҳим - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор - вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҳикматуллозода Неъматулло - вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Шоҳмурод Рустам - вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ - вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аҳмадзода Ҷамшед Ҷалол – раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Сафарзода Хайрулло Амиралӣ - директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун»;
Муродалӣ Алимардон – раиси ҷамъияти саҳомии кушодаи «Агроинвестбонк»;
Юсупов Қурбоналӣ Қувватович - директори генералии ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Ширкати Сомонӣ-А»;
Неъматов Муқим Мамадҷонович - директори генералии ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Хуҷанд инвест коттон».
Вобаста ба ташаккули комиссияи тафтишотӣ ва комиссияи бахисобгирии ҶСК «НБО Роғун» Маҷлис қарор қабул намуд, ки аъзои комиссияи тафтишотӣ дар ҳайати 5 нафар ва комиссияи бахисобгирии ҷамъият дар ҳайати 15 нафар интихоб карда шаванд.
Маҷлис оид ба тасдиқи аудитори ҶСК «НБО Роғун» барои соли 2019 ва подошпулии он қарор қабул намуд, ки тибқи он ширкати ҶДММ «Крестон АС» (Тоҷикистон) барои санҷиши аудитории фаъолияти молиявии ҶСК «НБО Роғун» барои соли 2019 ва маблағи подошпулии он ба андозаи 349 780 сомонӣ бо дарназардошти андозҳо тасдиқ карда шуданд.