ТАМОС БО МО
Санаи 26 июли соли 2019 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси андоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав баргузор гардид.
Дар кори он намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, шарикони рушд, коршиносону мутахассисон иштирок намуданд.
Ҷаласаро Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Шерализода Ш. ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки Гурӯҳи корӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июни соли 2019, дар бораи таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав нав бо қарори Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июли соли 2019 таъсис дода шудааст. Ҳадаф аз он ташкили кор оид ба ҷамъоварӣ намудани пешниҳодоти субъектҳои соҳибкорӣ бо асосноккуниҳои зарурӣ, фаро гирифтани шумораи ҳарчӣ бештари онҳо ва пешниҳодоти мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ, муназзам ва мушаххассозии пешниҳодот ва маҷмуан самаранок намудани татбиқи минбаъдаи он барои андозсупорандагон ва буҷети мамлакат мебошад.

Ба таваҷҷуҳи иштирокчиён ҳамчунин шакли махсуси барои ҷамъоварии таклифу пешниҳодот ба лоиҳаи Кодекси андоз манзур гардида, хоҳиш карда шуд, ки дар онҳо мулоҳизоту таклифҳо ба лоиҳа дарҷ ва ба Котиботи гурӯҳи корӣ ирсол гардад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки ҷамъоварии пешниҳодот ба лоиҳаи Кодекс дар сомонаи расмии Кумита тавассути равзанаи алоҳидаи “пешниҳод ба Кодекси андоз-2020” амалӣ карда мешавад.
Иттилоъ дода шуд, ки илова бар ин, сафарбар намудани мутахассисон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои ташкил намудани вохӯрӣ бо доираи бахши хусусӣ, сармоягузорон, ассотсиатсияҳо доир ба мушкилоти низоми андозбандӣ дар назар дошта мешавад.


Сипас, вобаста ба фаъолияти гурӯҳи корӣ ва масъалаҳои ба он вобаста миёни иштирокчиён саволу посух ва мубодилаи афкор сурат гирифт.