ТАМОС БО МО
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ фаъолияти худро дар нимсолаи аввали соли 2019 ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат, супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, идораи амволи давлатӣ ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ равона намуд.
Дар ин давра аз ҷониби Кумита 65 лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шуданд, ки аз онҳо 35 санад тибқи тартиби муқарраргардида қабул карда шуд.
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2019, №АП-1146 оид ба вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 зикр гардидаанд ва бандҳои дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №39 аз 30 январи соли 2019 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019”, инчунин дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, нақшаи чорабиниҳои дахлдори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ тасдиқ гардиданд ва ҷиҳати амалӣ намудани онҳо дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ як қатор тадбирҳо андешида шудаанд.
Дар ин давра, ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои 300 рӯзи ислоҳот дар самти такмили қонунгузорӣ дар бахши танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1996 №264», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи ҳатмии масъулияти гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт» таҳия гарида, тибқи тартиби муқарраргардида ба баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Бо мақсади муаррифии молу маҳсулот, пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ ва сармоягузорони хориҷӣ дар доираи Нақшаи 300 рӯзи ислоҳот портали интерактивии соҳибкор бо соҳибкор (B2B) (сомона www.b2b.tj) ташкил карда шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон, дастгирии ташаббусҳои соҳибкорони навтаъсис ва ҷавонон, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагон, содироткунандагон ва ҷорӣ намудани усулҳои нави пешбурди соҳибкорӣ, ҷиҳати ташкил ва роҳандозӣ намудани фаъолияти муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» ва марказҳои хизматрасонии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ тадбирҳои зарурӣ ба анҷом расонида шудаанд.
Инчунин баҳри иҷрои банди 16 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ва банди 48 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳо 10 майи соли 2019 баён доштанд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ» дар таҳрири нав таҳия ва барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод карда шудааст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 20 июни соли 2019 №1625 қабул ва мавриди амал қарор гирифт.
Раванди ислоҳот ва тадбирҳои андешидашуда дар самти ҷалби сармоя ба иқтисодиёти миллӣ дар давраи ҳисоботӣ имкон дод, ки 5 созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расонида шуда, 3 адади дигар таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба вазорату идораҳои дахлдор пешниҳод ирсол гардид.
Маҷмӯан дар доираи созишномаҳои сармоягузории номбаршуда 7 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд ва барои амалигардонии онҳо наздики 200 млн. доллар сармояи ватанию хориҷӣ ҷалб карда мешавад.
Айни замон, Кумита ҷиҳати амалигардонии лоиҳаҳои сармоягузорӣ корбариро идома дода истодааст, ки дар мавриди мувофиқа ва тасдиқ гардидани онҳо боз 100 млн. доллар сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ дар солҳои минбаъда ҷалб карда хоҳад шуд.
Бо назардошти баимзорасонии созишномаҳои сармоягузории давраи ҳисоботӣ ва мавсими сохтмону бунёдкории иншооти истеҳсолӣ, инчунин таъмини рушди иқтисодии кишвар дар ҳаҷми беш аз 7 фоизи солона тибқи ҳисобҳои пешакӣ воридоти сармояи мустақими хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тақрибан 120,0 млн. долларро ташкил хоҳад дод ва итминон аст, ки ин ҷараён дар семоҳаи сеюм боз ҳам афзоиш ёбад.
Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли 2019 бо назардошти ба анҷом расидани татбиқи якчанд лоиҳаҳо ва оғоз гардидани лоиҳаҳои нав аз 70 адад иборат мебошад, ки маблағи умумии онҳо 31,8 млрд. сомониро ташкил медиҳад.
Дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда аз аввали татбиқ то 1 июли соли 2019-ум 15,9 млрд. сомонӣ азхуд карда шудааст, ки ин 49,8 фоизи маблағи умумии онҳоро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботии соли 2019 дар доираи лоиҳаҳои мазкур 1,3 млрд. сомонӣ азхуд карда шудааст, ки ин дар маҷмӯъ ба 87 фоизи нақшаи молиявии давраи ҳисоботӣ баробар аст.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 июли соли 2019 дар ҷумҳурӣ 322979 адад субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса ба шаш моҳи соли 2018-ум 11 386 адад ва ё 3,5 фоиз зиёд мебошад.
Теъдоди қарзҳои аз ҷониби бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарзӣ дар моҳҳои январ - майи соли 2019 ба субъектҳои соҳибкорӣ додашуда 3,4 млрд. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 783,5 млн сомонӣ ё 79,8 фоиз зиёд гардидааст.
Ҳамзамон, қобили тазаккур аст, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз оғози фаъолият то имрӯз ба 175 субъектҳои соҳибкорӣ ба маблағи 248,6 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки давлатӣ дода шудаанд.
Бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи соҳаи мораторий ба санҷишҳо тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуда, ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 январи соли 2021 эълони мораторий тамдид гардид.
Бо мақсади татбиқи босамари санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ҷаласаҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид, ки дар онҳо як қатор масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Тибқи нақшаҳои мувофиқа ва тасдиқгардида дар соли 2019 аз ҷониби мақомоти санҷишӣ дар маҷмӯъ 48018 санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба нақша гирифта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2018-ум 7259 санҷиш ё 13,1 фоиз ва нисбат ба соли 2017-ум 23372 санҷиш ё 32,7 фоиз кам мебошад.
Ҳиссаи санҷишҳои банақшагирифташудаи мақомоти санҷишӣ дар соли 2019 аз шумораи умумии субъектҳои соҳибкории мамлакат, ки ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ, 322073 ададро ташкил медиҳад, 14,9 фоизро дар бар мегирад.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Кумита дар самти нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ як қатор корҳои мушаххас амалӣ шудаанд.
Баҳри истифодаи босамару мақсадноки амволи давлатӣ мутобиқи талаботи қонунгузорӣ бо қарорҳои дахлдори Кумита 496 воситаи асосии давлатӣ ба маблағи умумии 36,5 млн. сомонӣ аз тавозуни як мақомот ва корхонаю ташкилот ба тавозуни мақомот ва корхонаю ташкилоти давлатии дигар гузаронида шудаанд.
Ба ҳолати 1 июли соли 2018 аз ҳисоби хусусигардонӣ, суди саҳмияҳо ва ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ 13,0 млн. сомонӣ ба буҷети давлат ворид шудааст, ки 104,2 фоизи нақшаи пешбинигардидаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи якуми соли 2019-ро ташкил медиҳад.
Дар ин давра, аз ҳисоби ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ ба буҷет 3,6 млн. сомонӣ маблағ ворид гардидааст, ки ин нисбати нишондиҳандаи нимсолаи якуми соли 2018 ба маблағи 231,4 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар нимсолаи якуми соли 2019 дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати ба фурӯш баровардани моликияти коммуналӣ 16 музояда гузаронида шуда, маблағи умумии ба буҷетҳои маҳаллӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва ба иҷора супоридани моликияти коммуналӣ воридгардида 12,1 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 ба маблағи 3,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад
Бояд қайд намуд, ки сомонаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи www.investcom.tj фаъол аст. Минбаъд маълумот оид ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории Тоҷикистон, лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, харитаи сармоягузорӣ, дастгирии давлатии соҳибкорӣ, қонунгузорӣ дар самти соҳибкорию фаъолияти сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, имтиёзу сабукиҳои дар қонунгузории пешбинигардида, низоми иҷозатдиҳӣ, инчунин хабару рӯйдодҳо ва эълону дигар маълумотҳоро метавон аз сомонаи расмии Кумита дастрас намуд.
Бо мақсади таъмини шаффофияти ҷараёни фурӯш ва ба иҷора супоридани амволи давлатӣ, портали амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суроғаи электронии www.molikiyat.tj ва сомонаи КВД оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ www.muzoyada-kvd.tj таъсис дода шудааст, ки дар он ба таври доимӣ маълумот дар бораи баргузории музоядаю озмунҳо ва иҷораи амволи давлатӣ интишор мегардад.
Ҳамзамон сомонаи Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ www.investmentcouncil.tj, сомонаи муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ” www.ppp.tj, сомонаи КВД “Тоҷинвест” www.tajinvest.tj ва сомонаи www.ijozat.tj созмон дода шудаанд, ки дар онҳо маълумоти зарурӣ доир ба ислоҳоти анҷомдодашуда, пешбурди соҳибкорию сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ, инчунин нақшаҳои солона ва номгӯйи масъалаҳои назоратии мақомоти санҷишӣ ҷойгир карда шудаанд.