ТАМОС БО МО
Имрӯз таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат нахуст масъалаи “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2019” баррасӣ гардид.
Доир ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳисобот дод.
Ҳамчунин доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019” ва “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022” ҳисоботи вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, раиси Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Холмурод Раҳмон шунида шуд.
Бо натиҷагирӣ ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2019 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии давлат ҳанӯз ҳам имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намегарданд, ки ин ҳолат ба сатҳи иҷрои нақшаю ҳадафҳои стратегии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли 2018-ум 8,3 фоиз кам шудани ҳаҷми маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ, аз ҷумла сармояи хориҷӣ 36 фоиз, коҳишёбии суръати афзоиши гардиши савдои умумӣ 5,2 банди фоизӣ, гардиши савдои хориҷӣ 16,9 банди фоизӣ, аз ҷумла содироти мол 7,2 банди фоизӣ хавфҳои иловагиро ба вуҷуд меоранд, ки барои дар нимсолаи дуюми соли 2019 иҷро шудани нишондиҳандаҳои пешбинигардида таъсири манфӣ мерасонанд.
Зикр гардид, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 31270,9 миллион сомонӣ ва афзоиши воқеии он 7,5 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ин давра аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 12,5 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 10,8 фоиз, гардиши савдо 9,4 фоиз ва хизматрасонии пулакӣ 0,9 фоиз таъмин гардид.
Дар баробари ин маблағгузориҳо ба сармояи асосӣ 8,6 фоиз коҳиш ёфтааст.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар нимсолаи якуми соли 2019 нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 3,8 фоиз, аз ҷумла ҳаҷми содирот 8,1 фоиз ва воридот 2,3 фоиз зиёд гардид.
Сатҳи таваррум дар бозори истеъмолӣ дар ин давра 4,0 фоизро ташкил дод.
Даромади буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-июни соли 2019 дар сатҳи 101,1 фоиз иҷро гардида, ба буҷет 10531,5 миллион сомонӣ маблаг ворид шуд, ки нисбат ба маҷмӯи маҳсулоти дохилй 33,7 фоизро ташкил менамояд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо вуҷуди аз таъсири манфии омилҳои беруна, бахусус ноустувории вазъи сиёсию иқтисодӣ, пастравии нархҳои ҷаҳонӣ ба молҳои асосии содиротии кишвар ва дигар тамоюлоти манфӣ, суръати мусбати рушди иқтисодӣ ва суботи макроиқтисодӣ таъмин гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки дар нимсолаи якуми соли 2019 тамоюли мусбати рушд дар соҳаҳои иқтисоди миллӣ асосан нигоҳ дошта шуд. Аммо сифати рушд вобаста ба таъмин намудани нишондиҳандаҳои дурнамо ва ҳадафҳои гузошташуда моро қонеъ карда наметавонад.
Зеро ба эътибор нагирифтани тамоюлҳое, ки дар бозорҳои ҷаҳонӣ идома доранд, шиддати рақобати минтақавӣ дар самти рушди истеҳсолоти саноатӣ, ҷараёни нисбатан сусти саноатикунонии кишвар, тақвият наёфтани иқтидори содиротии Тоҷикистон, иҷро нагардидани барномаҳои соҳавӣ ва барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар ва як қатор дигар омилҳои дигар садди роҳи суръати рушди иқтисодӣ гардида истодаанд, ки хеле ташвишовар мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат барои таъмини сифатноки нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2019, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, таъмини босуръати рушди соҳаи саноат бо мақсади амалисозии ҳадафи чоруми стратегӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи энергетика хусусан ҷамъоварии маблағи фурӯши неруи барқ, пешгирии талафоти техникии он, васли ҳисобкунакҳои муосири барқӣ, таъмиру навсозии хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин, ба роҳ мондани фаъолияти самаранок дар самти истеҳсол ва истифодабарии неруи барқ, зиёд кардани майдони кишти такрорӣ ва боғу токзор, захира ва коркарди босифати маҳсулоти кишоварзӣ ва беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳа дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Дастуру супоришҳои дигар ҷиҳати татбиқи чораҳои мушаххас дар истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда ва ҳавасмандгардонии сармоягузориҳо, амалигардонии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва аз худ кардани маблағҳои татбиқи лоиҳаҳо дода шуданд.
Ба Дастгоҳи иҷроияи Президент супориш дода шуд, ки назоратро ба ҷараёни иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бахшида ба таҷлили 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва супоришҳои Роҳбари давлат дар вақти сафарҳои дохиливу хориҷӣ аз ҷониби масъулин ва сохторҳои марбут пурзӯр намояд.
Барои фароҳам овардани замина ба рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ татбиқи “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ва мусоидати бештар ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат муҳим арзёбӣ гардид.
Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди муҳокима лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг” барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.
Аъзои Ҳукумати мамлакат инчунин масъалаҳои вобаста ба Барномаи рушди саноати хӯроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025, тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои рӯзмарраро баррасӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои ҳукуматро ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашнҳои муҳими давлатӣ, хусусан ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои иҷрои нақшаҳои бунёдкориву ободонӣ дар муҳлатҳои муқарраршуда ва босифат вазифадор мебошанд ва бояд ин тадбирҳоро бо масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба анҷом расонанд.
Дар охир Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ барои беҳтаргардонии нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нимсолаи дуюми соли 2019 ва давраҳои минбаъда, омодагии ҳамаҷониба ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020, таъмини рушди босуръати соҳаҳои иқтисод, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, кишоварзӣ, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш ва сайёҳӣ дастурҳои мушаххас доданд.