Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории озмуни “Стартап- Чойхона” дар шаҳри Панҷакент

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      27.09.2019
      689

      Муассисаи Давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттахид “Барномаи Рушди соҳибкорӣ дар маҳал” миёни соҳибкорони навтаъсис ва ҷавонон дар шаҳри Панҷакент аз санаи 17 то 19-уми соли 2019 тренингҳои омӯзишро баргузор намуд.

      Мақсад аз баргузории озмуни “Стартап-Чойхона” фаъолсозии ҷавононе, ки барои ташкили тиҷорати худ кӯшиш намуда истодаанд ва барои  рушди тиҷорати ҷавонони Тоҷикистон ҷойҳои нави корӣ фароҳам меоранд, маҳсуб меёбад.

      Дар озмун аз ҷониби намояндаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Ҷумъаева Муниса муаррифномаҳо оид ба лоиҳаи бизнеси маркази хизматрасонии компютерӣ, аз ҷониби намояндаи ноҳияи Айнӣ Идибоев Афзалшо оиди лоиҳаи бизнеси маркази хизматрасонии телефонҳои мобилӣ ва Бобоева Шамсия намоянда аз шаҳри Панҷакет оиди бизнес-лоиҳаи маркази таълимӣ ва фароғатии кӯдакон баромад намуда, тавассути рӯнамо ба ҳозирин муаррифӣ карда шуданд. 

      Ҳамзамон, аз ҷониби иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ идеяҳои гуногуни соҳибкори, аз тиҷорати хурд то васеъ кардани тиҷорати калон ба аъзои доварон пешниҳод карда шуд.      Вобаста ба ин, аз ҷониби доварон қайд карда шуд, ки пешниҳоди идеяи воқеии соҳибкорӣ ва хоҳиши машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ муҳим ва боиси дастгирӣ мебошад.

      Санаи 26-уми сентябри соли ҷорӣ озмуни “Стартап-Чойхона” ҷамъбаст гардид, ки дар маҷмӯъ 19 нафар соҳибкорони навтаъсис ва 40 нафар донишҷӯёни Колеҷи технология ва инноватсияи шаҳри Панҷакент иштирок карданд. 

      Дар ҷамъбасти озмун барои пешниҳод ва муррифии лоиҳаҳои беҳтарини тиҷоратӣ Ҷумъаева Муниса, Идибоев Афзалшо ва Бобоева Шамсия ғолиби озмун дониста шуда, аз тарафи Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон бо ноутбукҳо қадрдонӣ карда шуданд.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО