Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Семинар-омӯзиш дар мавзӯи "Роҳандозии механизми таҳлили таъсири танзимкунии фазои сармоягузорӣ бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон"

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      26.09.2019
      519
         24-25 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи БАТР “Фазои сармоягузорӣ бо назардоштӣ ҷанбаҳои гендерӣ ” дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва БАТР семинар-омӯзиш вобаста ба мавзӯи "Роҳандозии механизми таҳлили таъсири танзимкунии  фазои сармоягузорӣ бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон" баргузор гардид.
           Мақсади баргузории семинар  ин тақвият бахшидани малакаҳои зарурӣ барои гузарондани таҳлили таъсири танзимкунӣ (АРВ) бо дурнамои гендерӣ, ки тамоми марҳилаҳои раванд ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои таҳия ва ислоҳи қонунҳо, инчунин  дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад, маҳсуб меёбад.
           Семинарро Роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имсол дар якҷоягӣ Ҳафтаи соҳибкориро бо чорабинии бахшида ба фаъолияти занони зебову эҷодкори мо, ки оғози ҳаётро дар рӯи замин инъикос мекунанд, бори дигар аз аҳамияти нақши муҳими  онҳо дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.
           Инчунин қайд карда шуд, ки тибқи тавсияҳои Гурӯҳи корӣ дар  доираи таҳлили ҳассосиятӣ гендерӣ ҷорӣ намудани механизми таҳлили таъсири танзимкунӣ (АРВ) бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ, яке аз афзалиятҳои ислоҳот дар фазои сармоягузорӣ баҳисоб меравад. Боз як нуктаи муҳим иброз дошта шуд, ки ҷорӣ намудани механизми таҳлили таъсири танзимкунӣ (АРВ) бо дурнамои гендерӣ ба Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ворид карда шудааст.
          Дар фарҷоми чорабинӣ, иштирокчиён изҳор доштанд, ки семинар ба баланд бардоштани иқтидори онҳо ҳамчун аъзои Гурӯҳи корӣ, ки намояндагони вазорату идораҳои соҳавии кишвар мебошанд, кӯмак мекунад, ва  ҳар яки онҳо дар рушд ва дастгирии соҳибкории занон саҳми худро мегузоранд.
      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО