ТАМОС БО МО
24-25 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе дар доираи марҳилаи дуюми лоиҳаи БАТР “Фазои сармоягузорӣ бо назардоштӣ ҷанбаҳои гендерӣ ” дар ҳамкорӣ бо Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва БАТР семинар-омӯзиш вобаста ба мавзӯи "Роҳандозии механизми таҳлили таъсири танзимкунии фазои сармоягузорӣ бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон" баргузор гардид.
Мақсади баргузории семинар ин тақвият бахшидани малакаҳои зарурӣ барои гузарондани таҳлили таъсири танзимкунӣ (АРВ) бо дурнамои гендерӣ, ки тамоми марҳилаҳои раванд ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои таҳия ва ислоҳи қонунҳо, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар бар мегирад, маҳсуб меёбад.
Семинарро Роҳбари Гурӯҳи корӣ оид ба дастгирии соҳибкории занон, Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имсол дар якҷоягӣ Ҳафтаи соҳибкориро бо чорабинии бахшида ба фаъолияти занони зебову эҷодкори мо, ки оғози ҳаётро дар рӯи замин инъикос мекунанд, бори дигар аз аҳамияти нақши муҳими онҳо дар ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Инчунин қайд карда шуд, ки тибқи тавсияҳои Гурӯҳи корӣ дар доираи таҳлили ҳассосиятӣ гендерӣ ҷорӣ намудани механизми таҳлили таъсири танзимкунӣ (АРВ) бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ, яке аз афзалиятҳои ислоҳот дар фазои сармоягузорӣ баҳисоб меравад. Боз як нуктаи муҳим иброз дошта шуд, ки ҷорӣ намудани механизми таҳлили таъсири танзимкунӣ (АРВ) бо дурнамои гендерӣ ба Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ворид карда шудааст.