ТАМОС БО МО
Имрӯз, дар МД «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», мизи мудаввар оид ба муаррифии натиҷаҳои арзёбии мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳисоботи «Пешбурди соҳибкорӣ» барои соли 2020 баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Мизи мудавварро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, вобаста ба таваҷҷуҳи хоссаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба беҳтар намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар арзёбиҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”- и Бонки ҷаҳонӣ, тадбирҳои то имрӯз амалинамуда ва қадамҳои минбаъдаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамкориҳо бо Бонки ҷаҳонӣ дар ин самт суханронӣ намуд.
Ҳамзамон, қайд намуданд, ки дар натиҷаи татбиқи ислоҳоти назаррас оид ба соддагардонии расмиёти пешбурди соҳибкорӣ дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” - и Бонки ҷаҳонӣ, ки танзими давлатии фаъолияти соҳибкориро дар кишварҳои олам арзёбӣ менамояд, дар соли 2020 мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 зина баланд рафта, ҷои 106-умро ишғол намуд ва бори дигар ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардид.
Дар ин росто, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳамрализода Фаррух дар мавзӯи “Тоҷикистон: Роҳ сӯи беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ” баромад намуда, аз ҷумла оид ба мавқеи ҷумҳурӣ дар нишондиҳандаҳои ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” ва ҳисоби нишондиҳандаҳои бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарз ва тиҷорати беруна беҳтар гардидани мавқеи ҷумҳурӣ дар ин арзёбӣ ва қадамхои минбаъдаи ислоҳот ибрози назар намуд.
Дар чорабинии мазкур инчунин, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, коршиноси бахши молиявии Бонки Ҷаҳонӣ Наргис Почоева, коршиноси бахши молиявии Бонки Ҷаҳонӣ, Тим Л. де Ваан, коршиноси калон оид ба бахши хусусии Бонки Ҷаҳонӣ Тарик Сахович, вобаста ба ҷанбаҳои гуногуни масъалаҳои беҳтар намудани мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи мазкур баромад намуданд.
Пас аз муҳокимарониҳо ва мубодилаи афкор миёни иштирокчиён, мизи мудаввар аз ҷониби муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҷамъбаст гардида, дар ин ҷода ба намояндагони бахши хусусӣ, шарикони рушд ва тамоми иштирокчиёни чорабинии имрӯза барору комёбиҳо таманно гардид.