ТАМОС БО МО
Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳоло мо дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди он қарор дорем, аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини халқи тоҷик ва дастоварди бузурги мардуми шарафманди кишвар мебошад.
Бо камоли ифтихору сарфарозӣ тамоми сокинони мамлакат ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро ба муносибати ин санаи бузург табрик гуфта, ба хонадони ҳар фарди Ватан сулҳу осоиш ва ба ин санади муқаддасу таърихиамон умри ҷовидонӣ орзу менамоям.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад.
Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.
Мутаассифона, эълони истиқлол дар кишвари мо ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омад.
Дар он айём Конститутсия ва умуман қонуният поймол шуда, сохторҳои идораи давлатӣ фалаҷ гардиданд.
Дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар беқонуниву бенизомӣ ва беҳокимиятиву бесарусомонӣ ҳукмфармо гардида буд.
Вазъ то ҳадде мураккабу даҳшатнок буд, ки дар пойтахти мамлакат барои доир намудани ягон чорабинӣ ҷиҳати ислоҳ ва ба эътидол овардани он имкон вуҷуд надошт.
Маҳз бо ҳамин сабаб дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ва баргузор шуд ва дар он роҳбарияти нави мамлакат интихоб шуда, қарорҳои таърихие қабул гардиданд, ки барои ояндаи Тоҷикистони тозаистиқлол аҳаммияти сарнавиштсоз доштанд.
Вазъи ноороми он рӯзҳо дар назди роҳбарияти нав интихобшудаи давлату Ҳукумат ҳалли вазифаҳои тақдирсоз ва дар навбати аввал, қатъи ҷангу хунрезӣ, барқарор кардани сохтори конститутсионӣ, таъмини волоияти қонун, сулҳу субот ва сарҷамъ намудани мардуми кишварро ба миён гузошта буд.
Дигар масъалаи муҳимтарине, ки дар назди мо қарор дошт, ин ҳарчи зудтар таҳия ва қабул кардани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон буд.
Зеро Конститутсия бояд пояҳои давлатдориро устувор намуда, роҳи минбаъдаи таҳким ва пешрафти онро муайян мекард.
Дар он айёми буҳрониву ноором мо бояд шакли давлатдорӣ ва роҳи минбаъдаи рушду такомули онро интихоб мекардем.
Зимнан, яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ мухолифати ду қувваи асосӣ – тарафдорони сохти дунявӣ ва ҷонибдорони бунёди давлати исломӣ доир ба масъалаи таъмини сарнавишти ояндаи мамлакат, яъне муайян кардани сохтори давлатдорӣ буд.
Дар чунин шароит, зарур буд, ки мо ҷомеаро ҳарчи зудтар аз вартаи буҳрони сиёсӣ ва иҷтимоӣ берун оварда, роҳи рушди минбаъдаи худро интихоб намоем.
Ин мақсаду мароми миллат ва ҷомеаро фақат Конститутсия, яъне қонуни асосии давлат метавонист ба расмият дарорад.
Зеро фақат қабули Конститутсия барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам меовард.
Ва мо танҳо дар ҳамон сурат метавонистем, ки барои барқарор кардани қонунияту тартибот, сулҳу субот, ваҳдату хамдигарфаҳмӣ ва рушди устувори ҷомеа нахустин қадамҳои устувори худро гузорем.
Дар рӯзҳое, ки ҳамаи саъю талоши мо ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои зикргардида равона шуда буд, гурӯҳҳои таррористиву экстремистӣ ва хоҷаҳои хориҷии онҳо, ки ба қабули Конститутсия катъиян манфиатдор набуданд, кӯшиш мекарданд, ки вазъи ин ё он минтақаи кишварро бо содир намудани аъмоли хоинонаву террористӣ, аз ҷумла таркиш ва қатлу куштори ваҳшиёнаи одамони бегуноҳ, гаравгонгирӣ, ғоратгарӣ ва дигар амалҳои ғаразнок ноором ва хавфнок нишон дода, монеаи баргузории раъйпурсии умумихалқӣ шаванд.
Ман, ки ҳанӯз дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ тарафдори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани худро эълон дошта будам, итминони комил доштам, ки барпо кардани чунин давлат танҳо бо дастгирии мардум ва дар асоси Конститутсияи аз ҷониби халқ қабулшуда имконпазир аст.
Дар ҳамон шароити ҳассосе, ки гуфта шуд, ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ тасдиқ гардида, бо такя ба арзишҳои таърихии халқамон, орзуву омоли мардуми кишвар, дарки манфиатҳои миллӣ, таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои дигар, эҳтиром ба арзишҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи байналмилалӣ, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва муҳимтар аз ҳама, бо мақсади ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ ба кори худ шурӯъ кард.
Зикр бояд кард, ки раванди таҳияи лоиҳаи Конститутсия мушкил мегузашт, зеро он вақт таъсири мафкураву арзишҳои даврони шӯравӣ ҳанӯз хеле қавӣ буд ва дарки арзишҳои нави ҷомеа, аз ҷумла гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ, шаклҳои гуногуни моликият, иқтисоди бозаргонӣ, соҳибкорӣ ва монанди инҳо хеле дарднок ва бо душворӣ қабул мешуд.
Барои дар сатҳи Конститутсия пешбинӣ намудани ин меъёрҳо баҳсҳои доманадор сурат мегирифтанд ва оқибат бо санҷида шудани ҳамаи паҳлуҳои мусбату манфии онҳо барои рушди минбаъдаи давлат ва ҳимояи манфиатҳои ҷомеаи кишвар мо ба натиҷаи дилхоҳ муваффақ шудем.
Аз ҷумла, масъалаи интихоби шакли идораи давлат, яъне дар Конститутсия муқаррар намудани ҷумҳурии президентӣ ё парламентӣ мавриди баҳсу талошҳои доманадор қарор гирифт.
Тарафдорони ҳарду навъи идораи давлат барои тасдиқи андешаи худ бурҳону далелҳои гуногун пеш меоварданд.
Мо бе ягон дудилагӣ ҷонибдории худро аз шакли идораи мустаҳками президентӣ иброз намудем, зеро бовар доштем, ки дар марҳалаи гузариш, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он қарор дошт, фақат идораи мустаҳками президентӣ ба ҳалли бисёр масъалаҳои ҳаётиву муҳим имконият медиҳад.
Хушбахтона, ин шакли идораи давлатро халқи Тоҷикистон низ ҷонибдорӣ кард ва минбаъд ҳаёт дурустии онро собит намуд.
Баъдан лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи васеи мардум пешниҳод гардид ва зарурати аз тариқи раъйпурсӣ қабул кардани он маъқул дониста шуд.
Зеро таҷрибаи талхи солҳои навадум талаб мекард, ки Конститутсияро худи халқ қабул намояд.
Дар он айём зери таъсири майдонҳо ва гурӯҳҳои ҷонибдори онҳо ба Конститутсия дар як рӯз чандин тағйирот, аз ҷумла тағйироти мухолифи якдигар ворид карда мешуданд ва онҳо дар маҷмӯъ, ин санади олиро ба як қонуни одӣ ва бозичаи дасти худ табдил дода буданд.
Ин зарурат, инчунин, аз принсипи ба халқ тааллуқ доштани ҳокимияти давлатӣ ва ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ будани раъйпурсии умумихалқӣ сарчашма мегирад.
Дар давоми зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия ба Шӯрои Олӣ зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ворид гардид.
Бо дарназардошти он, ки дар муҳокимаи ин санади таърихӣ доираҳои васеи мардум иштирок карда, фикру андешаҳои худро фаъолона иброз намуданд, лоиҳаи Конститутсия танҳо баъди ба эътибор гирифтани пешниҳодҳои мардум такмил дода, ба раъйпурсии умумихалқӣ бароварда шуд ва қонуни асосии мо воқеан ҳам ба Конститутсияи халқӣ мубаддал гардид.
Тавассути раъйпурсӣ қабул гардидани Конститутсия дар таърихи рушди конститутсионии кишварамон таҷрибаи нодир ва нахустин буд, зеро конститутсияҳои қаблӣ аз ҷониби намояндагони мардумӣ дар парламент қабул гардида буданд.
Қобили зикр аст, ки тавассути раъйи мардум қабул шудани қонуни асосии мо дар миқёси кишварҳои пасошӯравӣ низ яке аз таҷрибаҳои аввалин ба шумор меравад.
Дар он айёми барои кишвар бисёр мураккаб мо тамоми тадбирҳои заруриро андешидем, то ки ин чорабинии муҳимми сиёсиро дар сатҳи баланд доир намоем ва бо ин роҳ ба ҷомеаи ҷаҳон нишон диҳем, ки мардуми соҳибмаърифати Тоҷикистон ба ояндаи давлат ва миллати худ бетарафу бетафовут нестанд.
Бо дарки чунин масъулияти таърихӣ 6 — уми ноябри соли 1994 сокинони кишвар дар фазои озод дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок карда, аксари мутлақи онҳо (беш аз 87 фоиз) ба ҷонибдории Конститутсия раъйи худро изҳор доштанд.
Раъйи мардум ба тарафдории давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ яъне интихоби тақдири ояндаи ободу осудаи кишвар зарбаи ҷонкоҳ ба нерӯҳои радикаливу таррористӣ — тарафдорони бунёди давлати исломӣ ва хоҷаҳои хориҷии онҳо гардид.
Яъне халқи тоҷик бо роҳи ифодаи озодонаи мавқеи худ аввалин маротиба имконияти таърихии қабули бевоситаи ин ҳуҷҷати бунёдии сиёсиро бо азму иродаи хеш амалӣ намуда, барои эъмори пойдевори ҳуқуқии давлати мустақили демократӣ ва дунявии Тоҷикистон асоси мустаҳкам гузошт.
Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо баргузории чунин маъракаи муҳимму тақдирсоз аз имтиҳони ҷиддӣ гузашт ва бовар ҳосил кард, ки сиёсати дурусту санҷида ва ба манфиати мардум равонашуда аз ҷониби халқ ҳамеша пуштибонӣ меёбад.
Аз ин лиҳоз, мо татбиқи сиёсати пешгирифтаамонро, ки дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ эълон карда будем ва асоси ҳуқуқии он дар Конститутсия гузошта шуд, дилпурона оғоз намудем.
Ҳозирини гиромӣ!
Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард.
Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати дарбаргирандаи арзишҳои калидии ҷомеаву давлат ва марому мақсади халқи кишвар симои таърихӣ ва муосири Тоҷикистони азизро дар худ инъикос намуд.
Дар Конститутсия марому мақсади халқи Тоҷикистон, ки аз бунёди ҷомеаи адолатпарвар иборат мебошад, дар асоси арзишҳои милливу умумибашарӣ, аз ҷумла қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон будан, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шуморидан, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф кардан, дарки масъулият дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда муайян карда шуд.
Ин санади тақдирсози замони соҳибистиқлолӣ, ҳамчунин, бо иродаи халқ асосҳои бунёдии давлати навтаъсис, аз ҷумла давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистонро эълон намуда, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат додааст.
Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ин меъёр, яъне тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат яке аз дастовардҳои бузурги халқи тоҷик дар роҳи интихоби тақдири ояндаи худ ва кафолати Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли мо мебошад.
Ва қарзи инсониву шаҳрвандии ҳар яки мост, ки онро бо тамоми ҳастии худ ҳифз намоем.
Ҳозирини арҷманд!
Аҳаммияти таърихии Конститутсия дар он аст, ки ин ҳуҷҷати сиёсиву ҳуқуқӣ арзишҳои олии халқи тоҷикро дар худ таҷассум намуда, суннатҳои таърихии давлатдорӣ ва ғояҳои инсондӯстонаи миллати фарҳангсолори моро инъикос кардааст ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқиро яке аз мақсадҳои асосии фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ қарор додааст.
Конститутсия барои таъсис ва рушди низоми ҳуқуқии мамлакат, сохтору мақомоти давлатӣ ва дар меҳвари фаъолияти онҳо қарор додани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин, бунёди ҷомеаи адолатпарвар асос гузошта, кафолати таъмини озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва баробарҳуқуқии ҷомеаи навини Тоҷикистон гардид.
Бинобар ин, Конститутсияи мо аз ҷумлаи беҳтарин конститутсияҳои замони муосир буда, мо дар заминаи он ба муваффақиятҳои бузург ноил гардидем.
Бо дарназардошти он, ки Конститутсия ҳамчун ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ ва сиёсӣ самтҳои асосии рушди ҷомеа ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро муайян мекунад, баъди қабули он дар кишвар, дар баробари ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, инчунин, ислоҳоти бунёдии сохтори давлатӣ амалӣ гардид, ки бо ин роҳ низоми идораи давлат ба шароити муосир мутобиқ гардонида шуд.
Дар Конститутсия забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ эътироф гардида, тайи бисту панҷ соли гузашта барои рушд ва истифодаи васеи он дар коргузории давлатӣ ва ҳаёти ҷомеа шароити кофӣ муҳайё гардид.
Конститутсия ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро ҳадафи воло эътироф карда, ҳамчун санади башардӯстона инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намуд.
Ҳозирини гиромӣ!
Конститутсия асосҳои ҳаёти сиёсиро муайян карда, барои рушди гуногунандешии сиёсӣ, низоми бисёрҳизбӣ, амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, иштироки фаъоли шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлат заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Дар даврони истиқлол дар кишвари мо шумораи иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон босуръат афзуда, ҷомеаи шаҳрвандӣ ташаккул ёфт.
Ҳоло дар Тоҷикистон ҳафт ҳизби сиёсӣ ва зиёда аз ду ҳазору панҷсад иттиҳодияи ҷамъиятӣ фаъолият доранд, ки онҳо ба иштироки шаҳрвандон дар идораи давлат, ифода ва таъмини манфиатҳои гуногуни аҳолӣ мусоидат менамоянд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули Конститутсия худро давлати иҷтимоӣ эълон намуда, таъмин намудани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар шахсро кафолат додааст.
Бо мақсади бунёди давлати иҷтимоӣ, аз ҷумла роҳандозии сиёсати оқилонаи иҷтимоӣ, дастгирии ятимону маъюбон, нафақахӯрон ва дигар гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ то ба имрӯз тадбирҳои муассир андешида шудаанд.
Ва бояд гуфт, ки дар заминаи маҷмӯи тадбирҳои амалишуда ҳаёти иҷтимоии мамлакат босуръат рушд мекунад.
Конститутсия асоси низоми нави қонунгузории мамлакатро гузошт ва дар заминаи ин ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ қонунгузории нави давлати Тоҷикистон ташаккул ва инкишоф ёфт.
Қонунҳое, ки дар асоси Конститутсия ва бо мақсади амалишавии он қабул шудаанд, соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва сохтору фаъолияти давлатро танзим намуда, барои рушди босуръати устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии мамлакат заминаи кофӣ гузоштанд.
Дар байни қонунҳои қабулшуда қонунҳо «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки табиати сирф миллӣ доранд, барои рушди ҷомеа, танзими ҳаёту фаъолияти ҳар як сокини мамлакат, пешгирии хурофоту шуҳратпарастӣ, зоҳирпарастиву исрофкорӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, тарбия ва таълими насли наврас нақши калидӣ мебозанд.
Умуман, дар заминаи Конститутсия тамоми қонунгузории кишвар аз нав таҳия ва қабул гардид ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ҳамаҷониба ба танзим дароварда шуданд.
Ҷиҳати идомаи минбаъдаи ислоҳоти ҳуқуқӣ ва татбиқи сиёсати ҳуқуқӣ бо дарназардошти арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллӣ, таъмини ҳуқуқии рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар бо Фармони Президенти мамлакат аз 6 феврали соли 2018 Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ҳоло бомаром амалӣ шуда истодааст.
Дӯстони азиз!
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри бунёдӣ ва бисёр муҳимми иқтисодиёт пешбинӣ шудааст, ки он эътирофи шаклҳои гуногуни моликият мебошад.
Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат додааст.
Дар заминаи ин меъёри конститутсионӣ дар солҳои истиқлол соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна ва соҳибкории истеҳсолӣ босуръат рушд карда истодааст.
Ба ҳолати 1 — уми июли соли 2019 дар кишвар 323 ҳазор субъекти соҳибкории фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади рушди соҳибкорӣ то имрӯз 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шудааст ва татбиқи як қисми онҳо идома дорад, ки маблағи умумии лоиҳаҳои зикршуда қариб 32 миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Ҳоло саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 70 фоиз расидааст.
Конститутсия барои рушди ҳаёти маънавию фарҳангӣ низ заминаи мусоиди ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Меъёрҳои Конститутсия барои ширкати озод дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷодиёти бадеӣ, илмӣ ва техникӣ, истифода аз дастовардҳои мероси фарҳангӣ, рушди илм, маориф ва фарҳанг заминаи кофӣ гузоштаанд.
Қобили зикр аст, ки маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби буҷети давлат ҳар сол зиёд карда мешавад.
Масалан, ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизи хароҷоти буҷети соли 2019-ро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани 30-солагии истиқлоли давлатӣ ҳоло дар мамлакат корҳои созандагиву ободонӣ бо иштироки фаъолонаи кулли шаҳрвандони мамлакат, соҳибкорон ва дигар шахсони ватандӯсту бонангу номус вусъати бесобиқа пайдо карда, иншооти зиёди иҷтимоӣ сохта ва мавриди истифода қарор гирифта истодааст.
Тибқи нақша то ҷашни бузурги миллӣ бунёди беш аз 21 ҳазор иншоот ва пеш аз ҳама, муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла 1050 муассисаи нави томактабӣ ва миёнаи умумӣ, 560 беморхона ва марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ки бешубҳа, ба некӯаҳволии мардуми Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Ҳозирини муҳтарам!
Меъёрҳои Конститутсия барои ҳамгироӣ бо ҷомеаи ҷаҳон замина гузоштанд ва Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо 160 давлати дунё муносибатҳои дипломатӣ барқарор кард.
Имрӯз Тоҷикистон сиёсатеро пеш мебарад, ки ба мутобиқ намудани масъалаҳои рушди кишвар бо равандҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мусоидат намояд, ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи хатару таҳдидҳои эхтимолӣ ба амнияти миллӣ имкониятҳои муносиб фароҳам оварад ва заминаҳои мусоидро барои татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ таъмин созад.
Вусъати раванди ҷаҳонишавӣ, тағйирёбии иқлими сайёра, торафт кам шудани захираҳои оби тоза, паҳншавии гуруснагӣ дар минтақаҳои ҷудогонаи ҷаҳон, бемориҳои сироятӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза, аз қабили экстремизм ва терроризм ба рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар сокини сайёраи мо хатари ҷиддӣ эҷод менамояд.
Дар чунин шароит, Тоҷикистон барои пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан, терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ ҳамаи тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кардааст.
Маҳз бо ҳамин мақсад ман қариб дар ҳамаи мулоқоту суханрониҳои худ таъкид мекунам, ки мардуми Тоҷикистон, бахусус, ҷавонон бояд ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳимояи сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар ҳамеша омода бошанд.
Зеро тибқи маълумоту далелҳои аниқе, ки мо дар даст дорем, боқимондагони нерӯҳои радикаливу террористӣ, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тоҷикон бо кумаку дастгирии хоҷаҳои хориҷиашон то ҳанӯз аз нияту нақшаҳои ғаразноки худ даст накашидаанд ва бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки онҳоро амалӣ созанд.
Бори дигар таъкид месозам, ки ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ қарзи инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини Тоҷикистон аст.
Конститутсия низ пешбинӣ намудааст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.
Бо пешрафти ҷомеа, хусусан, ҷомеаҳое, ки дар марҳалаи гузариш аз як сохт ба сохти дигари ҷамъиятӣ ва дар ҳоли рушду такомул қарор доранд, зарурати ба Конститутсия ворид кардани тағйиру иловаҳо пеш меояд.
Чунин зарурат, яъне такмили Конститутсия дар Тоҷикистон низ пеш омад ва мо онро сари вақт анҷом додем, яъне аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ 26-уми сентябри соли 1999-ум, 22-ми июни соли 2003-юм ва 23 майи соли 2016-ум ба қонуни асосии кишвар тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд.
Солҳои сипаришуда собит сохтанд, ки тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшуда саривақтӣ буда, ба таҳкими истиқлоли давлатӣ, такмили идораи давлат, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун, назму суботи ҷомеа ва рушди минбаъдаи устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар мусоидат намуданд.
Бо гузашти бисту панҷ сол аз қабули ин санади бунёдии давлати соҳибистиқлоламон мо бо ифтихор гуфта метавонем, ки роҳи интихобкардаи халқи Тоҷикистон, ки дар Конститутсияи он инъикос ёфтааст, ҷавобгӯйи марому мақсади олии мардуми кишвар ва ҳадафҳои стратегии ҷомеа мебошад.
Дар заминаи Конститутсия дар ҷомеа сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, рушди устувору босуръати ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, зиндагии осудаи шаҳрвандон, бовару умеди онҳо ба ояндаи дурахшон, нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъмин гардид.
Бовар дорам, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон боз садсолаҳои дароз барои рушди ҷомеаи Тоҷикистон ва оромиву осоиши ҳар як фарди Ватан хизмат хоҳад кард.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона бори дигар тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамаи шумо — ҳозирини гиромиро ба ифтихори биступанҷумин солгарди қабули Конститутсия Тоҷикистони соҳибистиқлол табрику таҳният гуфта, орзуманди он ҳастам, ки дар хонадони ҳар яки шумо сулҳу амонӣ, хушбахтӣ ва саодати рӯзгор ҳамеша пойдор бошад.
Бигзор, арзишҳои волои ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсозу таърихӣ таҳкимбахши давлату давлатдории мустақили Тоҷикистон ва кафолати зиндагии орому осудаи мардуми шарифи он бошанд.
Саломату сарбаланд бошед ҳамватанони азиз!