28-29 ноябри соли 2019 дар меҳмонхонаи Ҳайят Реҷенсӣ, шаҳри Душанбе, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Маркази тадқиқоти стратегӣ бо дастгирии Барномаи "Мусоидат ба рушди фарогири иқтисодиёти деҳот барои беҳбудии аҳолӣ" (TRIGGER) Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) ҷаласаи Иқтисодии Душанбе - 2019 – ро дар мавзӯи "Рушди рақобатпазирии комплекси агросаноатии Тоҷикистон" баргузор намуд.
Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, шарикони рушд, коршиносони байналмилалӣ ва ВАО ширкат варзиданд.
Ҷаласаро Роҳбари Гурӯҳи кории байниидоравӣ GLOBAL G.A.P. ва агро-кластерҳо, муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Нигина Анварӣ, муовини Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Баҳодур Раҳимзода, сардори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдо - Баходур Аҳадзода, Директори Агентии Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон - Сабине Олдхоф ва Директори генералии ҶДММ «Ситабр-Агро» - Ҷаҳонгир Бобоев бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.
Дар чорабинии мазкур самтҳои асосии марбут ба рушди рақобатпазирии комплекси агросаноатии Тоҷикистон фаро гирифта шуданд ва мавзӯҳо оид ба “Рақобатпазирии комплекси агросаноатӣ: нигоҳи давлат ва бахши хусусӣ", "Таҷрибаи байналмилалии рушди комплекси агросаноатӣ", "Рушди кооперативҳои кишоварзии Гурҷистон" ва "Намунаҳои муваффақи воридшавӣ ба бозорҳои нав», инчунин сабақҳои коршиносон (мастер-классҳо) дар мавзӯи «Фаъолияти бизнес-инкубатор», «Равишҳо ба рушди стартапҳо дар Олмон, “Равишҳо ба рушди стартапҳо дар Олмон» ва «Яхкунонии меваю сабзавот барои нигоҳдорӣ» ба маърази диққати иштирокчиён бо таавзеҳоти рӯнамо пешниҳод гардид.
Дар рафти ҷаласа масъалаҳои татбиқи ислоҳот ва татбиқи он имкониятҳое, ки метавонанд рақобатпазирии дохилӣ ва хориҷии бахши агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоранд баррасӣ гардиданд.
Дар маҷмӯъ, кори ҷаласа тарзи интерактивӣ идома ёфта, масъалаҳои зикргардида, бо истифода аз имконоти васеъ ҷиҳати иртибот ва мубодилаи афкор қарор гирифтанд.
Инчунин, дар доираи чорабинӣ молу маҳсулоти ширкатҳои соҳаҳои истеҳсолот ва хизматрасонӣ, ки ба соҳаи кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ равона карда шуда буданд, ба намоишгоҳ гузошта шуд.
Пас аз анҷоми ҷаласа як қатор тавсияҳо оид ба баланд бардоштани рақобатпазирии комплекси агросаноатӣ дар Тоҷикистон таҳия карда шуданд.