Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Иштироки Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд дар Конфронси сатҳи баланди сармоягузории бахши давлатӣ ва хусусии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ)

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      09.12.2019
      696


               Тибқи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ҷиҳати иштирок дар Конфронси сатҳи баланди сармоягузории бахши давлатӣ ва хусусии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ), ки рӯзҳои 8 - 9 декабри соли 2019 баргузор мегардад, ба шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия сафар намуданд. Дар сафари мазкур Раиси Кумитаро намояндагони бахши хусусӣ, директори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати алюминийи Тоҷик” Шералӣ Кабир ва роҳбари ширкатҳои “Тоҷиккристал” ва “Роҳат Тур” Абдураҳмонов Умедҷон ҳамроҳӣ намуданд.

      Конфронси сатҳи баланди сармоягузории бахши давлатӣ ва хусусии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) таҳти унвони “Вусъат додани имкониятҳои сармоягузорӣ байни давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ: сармоягузорӣ баҳри иттифоқ ва рушд” аз ҷониби Идораи сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Туркия, Котиботи генералии Созмони ҳамкории исломӣ ва Гурӯҳи бонки рушди исломӣ бо мақсади вусъат додани ҳаҷми сармоягузорӣ байни давлатҳои аъзои СҲИ, бартараф намудани монеагиҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ ва таъмин намудани рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои аъзои созмон, баргузор мегардад. Дар Конфронси сатҳи баланди СҲИ оид ба сармоягузорӣ дар баробари роҳбарони кишварҳо ва намояндагони баландмақоми ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲИ инчунин сармоягузорони бонуфуз, ширкатҳои азими тиҷоратию сармоягузорӣ иштирок меварзанд. Чорабинии мазкур имконият барои муаррифии имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон, ба роҳ мондани муносибатҳои хуби сармоягузорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.

      Рӯзи 8 декабри соли 2019 дар қисмати кушодашавии Конфронс Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд сӯханронӣ карда, имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуданд.

      Конфронс дар 8 панел доир ба мавзӯҳои пайдо намудани роҳҳои инноватсионии маблағгузории рушди бахши хусусӣ, нақши агентиҳои содиротию қарздиҳӣ дар паст намудани хавфҳои тиҷоратию сиёсӣ, пайдо намудани захираҳои бахши хусусӣ баҳри рушди тиҷорат ва сармоягузорӣ ва ғайра давоми ду рӯз (8-9 декабр) идома хоҳад ёфт.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО