Рӯзи 7 декабри соли 2019 Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ»-и назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва ширкатҳои ватанӣ Форуми соҳибкории «G5 Startup Forum» - Таърихи муваффақияти соҳибкорони тоҷик»-ро бо иштироки соҳибкорону ҷавонони фаъоли мамлакат баргузор намуд.
Чорабинӣ нахуст бо сухани ифтитоҳии муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муҳтарам Нигина Анварӣ оғоз гардид. Қайд карда шуд, ки дастгирӣ ва рушди соҳибкорӣ бахусус байни ҷавонон зери таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, иқдомҳои созандаи бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ аз ҷониби Роҳбарияти Олии кишвар мунтазам дастгирӣ меёбад. Маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки фаъолияти он бевосита ба дастгирии соҳибкорони навтаъсис, омӯзиши асосҳои фаъолияти соҳибкорӣ, маркетингӣ, бухгалтерӣ, андозбандӣ, ташвиқу тарғиби соҳибкорӣ байни ҷавонон, рушди соҳибкории хурду миёна равона карда шудааст.
Дар Форум 720 нафар соҳибкорон ва ҷавонони касбу кори гуногун иштирок варзида, бо таҷрибаи 5 нафар соҳибкорони муваффақи ҷумҳурӣ: Шоира Содиқова роҳбари ҶСП «Бонки тиҷоратии «Арванд», Исмоил Исмоилов директор Ширкати маркетингии «Хаматарафа», Владимир Хурсан мушовири директори ҶДММ «Ташкилоти суғуртавии «БИМА», Озодхон Давлатшоев Директори ҶСП «Индиго Тоҷикистон», Абдулло Курбанов роҳбари Ташкилоти амонатии хурди «Алиф Сармоя» шинос шуданд.
Дар натиҷаи Форуми мазкур пешниҳодҳои мушаххас оид ба минбаъд табодули таҷрибаи андӯхта ва дастовардҳои муваффақи бахши хусусӣ бо доираи соҳибкорони навтаъсис тарҳрезӣ гардида, изҳори боварӣ карда шуд, ки дар оянда ин раванд ба рушди суръатноки фаъолияти соҳибкорӣ, ташвиқу тарғиби соҳибкорӣ байни ҷавонон, беҳтаршавии фарҳанги пешбурди тиҷорат ва ташаккул додани намудҳои нави соҳибкории дорои хусусияти навоварӣ замина мегузорад.