Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Маросими баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ оид ба амалӣ намудани лоиҳаи ҷорӣ намудани низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе»

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      12.12.2019
      698

      Санаи 12 декабри соли 2019 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Гуруҳ», Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ташкилоти амонатии қарзии хурди «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ намудани лоиҳаи ҷорӣ намудани низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе» баргузор гардид.

      Боиси тазаккур аст, ки сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, ки дар ҳуҷҷатҳои стратегии мамлакат, аз ҷумла Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардидаанд, тақозо менамояд, ки низоми энергетикии кишвар рушд дода шуда, технологияҳои муосир дар раванди баҳисобгирӣ ва назорати истифодаи нерӯи барқ ҷорӣ карда шаванд. 

      Дар ин радиф, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто Гуруҳ” бо дарназардошти гузаронидани таҳлилҳо ва омода намудани Асосноккунии техникӣ – иқтисодӣ, ҷиҳати кам намудани талафоти тиҷоратию техникӣ, инчунин афзун намудани ҷамъоварии маблағ барои истифодаи нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе, бо дарназардошти ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва барқарору азнавсозии қисме аз инфрасохтори мавҷударо пешниҳод намуд. 

      Бо мақсади татбиқи Лоиҳа, гузаронидани омӯзиш ва омода намудани Асосноккунии техникӣ – иқтисодӣ ҳисобҳои самаранокии иқтисодии Лоиҳа дар асоси маълумоти аз шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе дастрасгардида омода карда шудааст. 

      Бо дарназардошти пешниҳоди Гурӯҳи корӣ оид ба татбиқи Лоиҳа дар 2 марҳила (марҳилаи аввал ноҳияи Сино ва баъдан бо назардошти татбиқ ва натиҷаи хуб ноҳияҳои боқимондаи шаҳри Душанбе) ва маълумоти дастрасгардида, муайян карда шуд, ки шумораи ҳисобкунакҳои дар ноҳияи Сино ивазшаванда 94 500,0 ададро ташкил менамоянд. 

      Маблағи умумии сармоягузорӣ барои татбиқи Лоиҳа дар шаҳри Душанбе тақрибан 88,0 млн. доллари ИМА-ро ташкил менамояд, ки аз он  34,5 млн. доллари ИМА барои татбиқи Лоиҳа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе равона карда мешавад. 

      Дар доираи Лоиҳа ҷоринамоии низоми ғайринақдии пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ пешбинӣ шудааст. 

      Ба истиснои нуқтаҳои пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ дар БДА “Амонатбонк”, инчунин дигар воситаҳои пардохт аз қабили терминалҳо, ҳамёнҳои электронӣ ва постерминалҳо пешбинӣ мешаванд, ки шаҳрвандон метавонанд бо истифода аз ин воситаҳо маблағи ҳаққи истифодаи нерӯи барқро пардохт намоянд.



      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО