Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Оғоз намудани фаъолияти маркази “Равзанаи ягона” барои гирифтани хуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон дар назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      16.12.2019
      1 049

      Рӯзи 16 декабри соли 2019 фаъолияти Маркази “Равзанаи ягона” барои гирифтани хуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон дар назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе оғоз карда шуд.

      Бояд қайд намуд, ки Равзанаи ягонаи мазкур бо мақсади шаффоф, дастрас ва камхарҷ намудани ҷараёни гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар соҳаи сохтмон дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

      Маркази “Равзанаи ягона” дар доираи лоиҳаи Баланд бардоштани рақобатнокии бахши хусусии назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 11 апрели соли 2019 дар назди Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе таъсис дода шуд.

      Бо ҷорӣ гардидани Равзанаи ягона субъектҳои соҳибкорӣ ва корхонаи тиҷоратӣ метавонанд барои гирифтани иҷозат ба номи шаҳрдории Душанбе тариқи реҷаи онлайн аризаи худро пешниҳод намоянд. Ба Равзанаи ягонаи мазкур 12 мақомоти иҷозатдиҳанда пайваст шудаанд, аз ҷумла Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, Барқи Тоҷик, Шабакаи гармидиҳии шаҳрӣ, КВД “Обу корезии шаҳри Душанбе”, Хадамоти алоқаи шаҳрӣ ва дигар мақомот.

      Механизми “Равзанаи ягона” барои гирифтани иҷозати сохтмон, ба корхонаҳо барои сабти ном ва дархост намудани иҷозати сохтмон бидуни боздид аз мақомоти иҷозатдиҳанда кӯмак менамояд. Ин усул ба соҳибкорон барои барканор намудани он душвориҳое, ки дар пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба таври хаттӣ пеш меомад, кӯмак менамояд. Қаблан субъектҳои соҳибкорӣ ба як қатор мақомот ҷиҳати гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ташриф меоварданд, акнун ин ҷараён метавонад дар якчанд рӯз ба анҷом расад. Ҳоло акнун аз соҳибкор барои гирифтани иҷозати сохтмон ариза барои баҳодиҳии вазифаҳои меъморӣ ва банақшагирӣ ё ин ки иҷозат аз хизматрасонии коммуналӣ, ҳамоҳангии шиносномаи техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо талаб карда намешавад.

      Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе якҷо бо Бонки Ҷаҳонӣ дар таҳияи барномаи дастгирӣ барои “Равзанаи ягона” бо мақсади автоматикунонии ин ҷараён ва додани имкони пайвасти корхонаҳои коммуналӣ ба шабакаи дохилӣ, суръат бахшидани ҷараёни қабули қарорҳо ва коркарди онлайн-замимаҳо мунтазам ҳамкориро ба роҳ мондааст. Имрузҳо системаи нави дохилии Душанбе, барномаи дастгирӣ ва веб-саҳифаҳо пурра амал намуда истодаанд.

      Механизми “Равзанаи ягонаи иҷозати сохтмон” имкон медиҳад, ки 40 фоизи вақтро барои гирифтани иҷозате, ки дар шаҳри Душанбе дода мешаванд ва 74 фоизи хароҷоти бахши хусусӣ, ки 700000 долари ИМА-ро ташкил медиҳад, сарфа карда шавад. То ба имрӯз тавассути “Равзвнви ягона” 55 иҷозати нави сохтмонӣ дода шудааст ва бисёр аризаҳои иловагӣ баррасӣ карда шудаанд.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО