ТАМОС БО МО
Имрӯз 3 январи соли 2020 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки Раиси Кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони воҳидҳои сохтори марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита, сардорони раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷаласаи васеи ҳайати мушовара “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020” баргузор гардид.
Нахуст, ҷаласаро Раиси Кумита - Ф. Ҳамрализода оғоз намуда, иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуданд.
Ҳамзамон ёдовар шуданд, ки зимни суханронӣ Сарвари давлат таъкид доштанд, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.
Соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуд ва даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.
Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.
Ҳамзамон бо ин, тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст.
Инчунин, изҳор карданд, ки саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд.
Сипас аз ҷониби Муовини якуми раиси Кумита Ш. Шерализода оид ба натиҷаҳои фаъолияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои соли 2019 ҳисоботи муфассал ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 декабри соли 2018 зикр гардидаанд, бандҳои дахлдори қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019 №39 “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019”, Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалӣ намудани 300 рӯзи ислоҳот ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баён доштанд ва тадбирҳои амалигардида аз ҷониби Кумита манзур гардид.
Раисикунанда аз баромади ҳисоботдиҳандагон натиҷагирӣ намуда, ба сардорони воҳидҳои сохторӣ ва ташкилотҳои зертобеъ вобаста ба иҷрои саривақтии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳлили натиҷаҳои фаъолият ва ҷиҳати тақвияти фаъолияти Кумита дар масъалаҳои зикргардида бо назардошти афзалиятҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати рушди иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ва иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар соли 2020 супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҷаласа сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Х. Исмоилзода суханронӣ намуда, оид ба таҳияи механизми дурусти баҳисобгирии маблағҳои азхуд кардашудаи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, назорати фаъолияти марказҳои татбиқи лоиҳаҳо, оид ба пешниҳодҳо вобаста ба таҳияи заминаи ягонаи ҳуқуқӣ дар Кодекси андози дар таҳрири нав пешбинӣ шуда барои соҳибкорон ва тарғиби имкониятҳои сармоягузории кишвар қайд намуд.
Дар хотима аз ҷониби Раиси Кумита Ф. Ҳамрализода супориш дода шуд, ки кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва масъулини раёсату бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар маҳалҳо фаъолияти худро минбаъд ҳам ба иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз захираву имкониятҳои иқтисодии кишвар дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармоя ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, мониторинги лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ, таъмини истифодаи мақсадноки амволи давлатӣ, инчунин ҳавасмандгардонию дастгирии соҳибкорӣ равона намоянд.