Санаи 6 феврал дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои таъмини хизматрасонии инфрасохторӣ ва арзёбии таносуби нарх ва сифати лоиҳаҳо» баргузор гардид.
Дар семинари мазкур намояндагони Дафтари Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Тоҷикистон, Профессори Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми “Ритсумейкан”-и Ҷопон – Тсукада Шунсо, Директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”-и Кумита - Усмонзода Исфандиёр ва намояндагони вазорату идораҳо иштирок намуданд.
Мақсади баргузор намудани семинари мазкур муаррифӣ намудани таҷрибаи байналмилалӣ дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба намояндагони вазорату идораҳо мебошад.
Чорабинии мазкурро Директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои Шарикии давлат ва бахши хусусӣ”-и Кумита, Усмонзода Исфандиёр, ифтитоҳ намуда, ташрифи Профессор Тсукадаро ба Кумита хайрамақдам гуфта, барои баргузории семинари омӯзишии имрӯза ба ӯ изҳори миннатдорӣ намуданд.
Сипас аз ҷониби Профессор Тсукада Шунсо ба иштирокчиёни семинар рунамо оид ба таҷрибаи байналмилалии шарикии давлат ва бахши хусусӣ баҳри рушди инфрасохтор ва тартиби арзёбии таносуби нарх ва сифати лоиҳаҳо муарифӣ карда шуд. Оид ба лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи инфрасохтор, мафҳуми таносуби нарх ва сифат ва тартиби гузаронидани он маълумот дода шуд.
Дар анҷом, Директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои Шарикии давлат ва бахши хусусӣ”-и Кумита, Усмонзода Исфандиёр ба профессор Тсукада Шунсо барои пешниҳоди рӯнамо изҳори миннатдорӣ намуд, намояндагони вазорату идораҳоро барои ҳамкорӣ дар самти пешниҳоди лоиҳаҳо ҷиҳати тариқи шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ намудан даъват намуд.