Санаи 15 сентябри соли 2020 маросими расмии кушодашавии бинои Дастгоҳи марказии муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» воқеъ дар кӯчаи Теҳрон 21, шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муҳтарам Ҳамрализода Фаррух, Сафири Япония дар Тоҷикистон ҷаноби Такаюки Мияшита, Роҳбари намояндагии Барномаи Рушди Созмони Миллалӣ Муттаҳид дар Тоҷикистон доктор Пратибха Мехта ва дигар намояндагони вазорату идораҳо ва шарикони рушд баргузор карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии соҳибкорони навтаъсис ва рушди соҳибкории хурду миёна тавассути хизматрасониҳои методӣ, иттилоотӣ, омӯзишӣ, ҳуқуқи ва молиявӣ аз 31 декабри соли 2018 таъсис дода шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани малакаи касбии соҳибкорон, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагону содироткунандагон ва ҷорӣ намудани усулҳои нави пешбурди соҳибкорӣ фаъолияти муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва марказҳои хизматрасонии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ ташкил карда шуда, фаъолияти онҳо баҳри баргузории курсҳои омӯзишӣ барои соҳибкорон, пешбурди фаъолияти соҳибкорию сармоягузорӣ ва таҳияи нақшаҳои тиҷоратӣ равона карда шудааст.
Дастгоҳи марказӣ ва шуъбаҳои он дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Бохтар дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд пурра таъмиру таҷҳизотонида шуда, барои таъмиру таҷҳизотонии Бахши Муассиса дар шаҳри Кулоби вилояти Хатлон ва шаҳри Хоруғи ВМКБ бошад гуфтушунидҳо бо шарикони рушд идома доранд.
Бинои Дастгоҳи марказии муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» аз маҷлисгоҳ, ҳуҷраи машваратӣ, ҷойҳои муваққатии корӣ барои соҳибкорони навтаъсис (стартапҳо), ҳуҷраҳои кории кормандони муассиса ва шарикони рушд иборат мебошад.
Дар дохили бино барои фаъолияти соҳибкорони навтаъсис Коворкинг, яъне ҷойҳои муваққатии корӣ барои стартаперони умедбахш ташкил карда шудааст, ки аз 30 ҷои корӣ иборат буда, дорои як қатор имкониятҳо мебошад. Соҳибкори ҷавон метавонад, ки ба фазои хуби соҳибкорӣ ворид шуда пайваста аз машварати мутахассисони касбӣ ва мушовирон истифожда намояд. Ҳамчунин, имконият пайдо менамоянд, то ки лоиҳаи худро дар назди сармоягузор ҳимоя намуда, маблағгузориҳро ҳам аз ҷониби барномаҳои хориҷӣ ва ҳам аз ҷониби соҳибкорони хусусии ватанӣ ба даст оранд.
Бояд қайд намуд, ки аз оғози фаъолият то ба имрӯз аз ҷониби Муассиса чорабиниҳои гуногун аз қабили тренингҳои омӯзишӣ, семинарҳои кушод, форумҳои васеи соҳибкорӣ бо иштироки соҳибкорони муваффақи дохилию хориҷӣ ва ғайраҳо баргузор карда шуданд, ки шумораи зиёди ҷавонон ва соҳибкорони навтаъсис фаро гирифта шуданд.
Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон” имконияти мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна дар кишвар буда, он дар баланд бардоштани маърифати соҳибкорӣ ва малакаҳои тиҷоратии ҷавонон саҳми назаррас хоҳад гузошт.