Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Ҷаласаи дувоздаҳуми Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ доир гардид.

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      01.10.2020
      693

      Санаи 30 сентябри соли 2020 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати  муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ  Давлаталӣ  Саид  ҷаласаи дувоздаҳуми  Шӯро оид ба шарикии давлат  ва бахши хусусӣ доир гардид.

      Дар ҷаласаи Шӯро роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат-адлия, молия,  рушди иқтисод ва савдо,  энергетика ва захираҳои об, нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи давлатии идораи  замин ва геодезӣ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, хадамотҳои гумрук, алоқа ва зиддиинҳисорӣ ва директори Муассисаи  давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои  шарикии давлат ва бахши хусусӣ», инчунин роҳбарони мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Спитамен иштирок намуданд.

      Муовини аввали Сарвазири мамлакат  — Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ  Давлаталӣ  Саид  дар оғози ҷаласа зикр кард, ки   дар солҳои соҳибистиқлолӣ  таҳти сиёсати хирадмандонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти   Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  муносибатҳои  муосири  шарикӣ бо бахши  хусусӣ дар мамлакат роҳандозӣ гардида, дар ин раванд  қонунгузории  шарикии  давлат ва бахши хусусӣ пурра ба талаботи  байналмилалӣ  мутобиқ гардонида шуд.

      Дар ин замина дар  ҷумҳурӣ  Шӯро оид ба шарикии  давлат бо бахши  хусусӣ таъсис дода шуд, ки лоиҳаҳои  ҳамкорӣ  бо бахши хусусиро  дар самти рушди инфрасохтор  ва хизматрасонии иҷтимоӣ  баррасӣ менамояд. Дар натиҷа давлат имрӯз метавонад  боэътимод  ба бахши хусусӣ уҳдадориҳои иҷтимоии худро вогузор созад,- афзуд муовини аввали Сарвазири мамлакат –Раиси Шӯро оид ба шарикии давлат  ва бахши хусусӣ Давлаталӣ Саид.

      Ҳамзамон дар ҷаласа директори Муассисаи  давлатии «Маркази  татбиқи  лоиҳаҳои  шарикии   давлат ва бахши хусусӣ», Котиби Шӯро оид ба  шарикии давлат ва бахши хусусӣ Абдухолиқ  Холиқзода доир ба иҷрои протоколи ҷаласаи  ёздаҳуми  Шӯро гузориш дод.

      Қайд гардид, ки  дар зарфи ҳафт соли охир дар ҷумҳурӣ заминаи мусоиди  меъёрии ҳуқуқӣ  дар самти  шарикии давлат ва бахши  хусусӣ  фароҳам оварда шуда, дар  ин муддат   11 ҷаласаи Шӯро  оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ  гузаронида шуд ва 5 лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо ҷалби беш аз 280 миллион сомонӣ  сармояи бахши хусусӣ  ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ  татбиқ шуда истодааст. Таъкид шуд, ки дар натиҷаи фаъолияти Шӯро  оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ  ва татбиқи лоиҳаҳои  шарикӣ уҳдадориҳои  иҷтимоии давлат  коҳиш дода шуда,  беш аз 270 ҷойи  кор  ва зиёда аз 8,8 миллион сомонӣ  ба буҷети давлат  андоз пардохт гардид.

      Дар ҷаласа пешниҳоди пешакии  лоиҳаҳои   «Таъсиси маркази  таъмини асбоби тиббии бамаротиб  истифодашаванда  ва мониторинги сифати  безараргардонӣ» ва «Таъсиси Маркази скрингии аввалияи  бемории оташак» баррасӣ гардиданд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ,  Стратегияи   миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои давраҳои  то соли  2030, Стратегияи миллии  солимии  аҳолии Ҷумҳурии   Тоҷикистон  барои солҳои 2010-2020 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» татбиқ карда мешаванд.

      Дар ҷаласа  доир ба масъалаҳои матраҳгардида қарорҳои  дахлдор қабул  гардида, ба вазорату идораҳои  марбута ва Муассисаи давлатии «Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ» супоришҳои мушаххас дода шуданд.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО