Санаи 2 октябри соли 2020 дар ноҳияи Лахш таҳти раёсати муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт доир гардид.
Дар ҷаласаи Шӯро роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ, раиси ноҳияи Лахш, муовинони раисони ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва аъзои Шӯрои машваратии водӣ, инчунин котибони масъул, аъзои шӯроҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт, намояндагони бахши хусусӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Хуршедаи Қодир дар оғози ҷаласа зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаи Рашт таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Сафарҳои мунтазам ва мулоқоту вохуриҳои Пешвои муаззами миллат дар ноҳияҳои водии Рашт бозгӯи ин гуфтаҳост. Дар ҷараёни ин сафарҳои бобарору созанда як қатор иншооти таъиноти гуногун аз тарафи мардуми меҳнатдӯсти ноҳияҳои водии Рашт бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба имкониятҳои сармоягузориву соҳибкории водии Рашт ва баланд бардоштани иқтидори он, муаррифии қисматҳои асосии лоиҳаи “Барномаи дастгирии давлатӣ ва рушди бахши хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, имкониятҳои рушди соҳаи коркарди маҳсулот ва афзоиши занҷираи арзиши иловашуда дар водии Рашт ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди соҳибкорӣ ва мушкилоти соҳа дар минтақа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Иштирокчиён оид ба дастгирии бахши хусусӣ, истифодаи шароит ва имкониятҳои рушди минтақаи Рашт, таҳкими фаъолияти Шӯроҳои машваратии минтақавии рушди соҳибкорию сармоягузорӣ, саҳми соҳибкорон дар ободии диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ба ин васила баланд бардоштани некуаҳволии мардуми минтақа ибрози назар намуданд.
Бахшҳои коркарди меваю сабзавот, коркарди ашёи хоми саноатӣ, аз ҷумла мармар, ангиштсанг, хокаи оҳаксанг, тиллои пошхурда, бунёди корхонаҳои хурди парандапарварӣ, моҳипарварӣ, занбӯри асал, ҷамъоварӣ ва бандубасти меваи хушк ва гиёҳҳои шифобахш, коркарди пусту пашми ҳайвонот ва ҳунарҳои мардумӣ аз самтҳои афзалиятнок дар минтақа интихоб гардиданд.
Боиси қайд аст, ки дар доираи баргузории ҷаласаи шашуми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар водии Рашт Маркази иттилоотӣ ва машваратии соҳибкории ҷавонон дар ноҳияи Лахш, ки бо кӯмаки техникии Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон бунёд гардидааст, ифтитоҳ гардид. Инчунин, аз ҷониби Барномаи мазкур ба Ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонию фермерии “Самар”-и ноҳияи Лахш мотоблокҳои кишоварзӣ тақдим карда шуданд. Мақсади асосии амалисозии лоиҳаҳои мазкур, таъсиси ҷойҳои корӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои машваратии соҳибкорӣ ва рушди кишоварзӣ барои ҷавонон ба ҳисоб меравад.