Санаи 16 октябри соли 2020 дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи соҳибкорон дар толори МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” мизи мудаввар дар мавзуи “Соҳибкориву сармоягузорӣ асоси пешрафти иқтисодиёт” баргузор гардид. Дар он намояндагони бахши хусусӣ, вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд ва шахсони даъватшуда иштирок намуданд.
Тавре Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрализода Фаррух қайд намуд, дар замони истиқлолият, дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии мамлакат гузаронида шуда, ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумат қарор гирифт.
Бо назардошти афзалиятҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ барои идомаи раванди татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар самти дастгирии соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо назардошти пешгирии таъсири пандемияи сирояти COVID-19 ва хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ амалӣ карда мешавад.
Бо мақсади ҳаллу фасли бевоситаи мушкилоту масъалаҳои соҳибкорону сармоягузорон ва андешидани тадбирҳои саривақтӣ Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ фаъолият менамояд, ки намояндагони бахши хусусӣ ва коршиносони ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ ба ҳайати он шомил мебошанд.
Инчунин, барои баррасии масъалаҳои муҳими соҳибкорон дар сатҳи маҳал ҷиҳати татбиқи қонунгузории ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 69 шуроҳои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ таъсис дода шудаанд.
Баҳри дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ бо истифода аз технологияи иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, дар ин замина хизматрасониҳои электронӣ зиёд карда шудааст. Бо мақсади дастгирии дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории истеҳсолӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда, се маротиба солҳои 2009-2010, 2012-2014 ва 2019-2020 ба ҳамагуна санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, хусусан соҳибкории истеҳсолӣ мораторий эълон гардид.
Ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” ҷиҳати барасмиятдарории амалиёти содиротиву воридотӣ ва транзитӣ дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин механизми равзанаҳои ягона барои дастрас намудани иҷозати корҳои сохтмонӣ, пешниҳоди шартҳои техникӣ оид ба пайвастшавӣ ба шабакаҳои барқӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул ва дигар механизмҳои муосир бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ кори соҳибкоронро осон намуда, ба рушди муназзами фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат намуда истодааст.
Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат солҳои охир ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, ба соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок дар маҷмуъ 109 имтиёзу сабукиҳо фароҳам оварда шуда, танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки тибқи таҷрибаи муосири байналмилалӣ аз дастгирии назарраси Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад.
Дар натиҷаи татбиқи сиёсати созандаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат дар ҷодаи таъмини рушди босуботи иқтисодӣ ва таҳкими ҳамкориҳо бо шарикони байналмилалӣ, ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба хоҷагии халқ, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегӣ равона шудаанд, сол аз сол афзоиш ёфта, корхонаҳои азими саноатӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуданд.
Тавре қайд гардид, саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ аз 30 фоизи соли 2000 то 70 фоиз дар соли 2020 зиёд гардида, наздики 80 фоизи пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 67 фоизи аҳолии фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби бахши хусусӣ бо шуғл таъмин карда мешаванд.
Мавқеи байналмилалии ҷумуҳурӣ устувор гардида, тибқи ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” Тоҷикистон чор маротиба (солҳои 2010, 2011, 2015 ва 2019) ба даҳгонаи кишварҳои пешсафи ислоҳотгар шомил шуд.
Бо назардошти саҳми назарраси соҳибкорону сармоягузорон дар рушди иқтсиодиёт ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти мамлакат, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 октябр ҳамчун Рӯзи соҳибкорон эълон гардида, аз соли 2015 инҷониб баргузор намудани мулоқоти Президенти мамлакат бо соҳибкорону сармоягузорон ва форумҳои сармоягузориву соҳибкорӣ ба таври хоса ҷашн гирифта мешавад.
Дар чорабинӣ Пратибха Меҳта - Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, Ян Питер Олтерс - Роҳбари Шурои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Накҳатзода Моҳбону - муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон, Хуршедаи Қодир - муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуҳрат Мирзоев, коршиноси Барномаи рушди СММ, Замира Самадова, Директори кулли ширкати машваратии “Имкон консалтинг”, Тураев Алихон, муовини директори иҷроияи ҶДММ “Ширкати металлургии Анзоб” баромад намуданд.