Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ...
    • ТАМОС
    • ТЕНДЕРҲО
    • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
    • ДАР БОРАИ КУМИТА
"/>
Русский English
Тоҷикӣ
  • Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
  • Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
  • Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
  • Чаро Тоҷикистон?

  • Тоҷикӣ
    • Забон
    • Тоҷикӣ
    • Русский
    • English
  • +992 (37) 221-86-59
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
  • info@investcom.tj
  • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

Баргузории ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2020

Асосӣ
—
Хабарҳо
—
Бойгонии хабарҳо
15.01.2021
402


Санаи 15 январи соли 2021 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рафти татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ва фаъолияти агентиҳои амаликунандаи онҳо дар соли 2020 баргузор гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа доир ба рафти татбиқ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дар соли 2020, натиҷаҳои ноилгардида ва камбудию норасогиҳои дар доираи лоиҳаҳо ҷойдошта нахуст гузориши муовини якуми Раиси Кумита Шерализода Ш.А. шунида шуд.

Қайд гардид, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои афзалиятноки мамлакат ба ҳолати 1 январи соли 2021, 70 адад лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 39,9 млрд. сомонӣ ё 3,5 млрд. доллари амрикоӣ мавриди татбиқ қарор дошта, аз онҳо 29 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант иборат мебошанд.

Ҳамзамон, дар ҷаласа ҳисоботи роҳбарони агентиҳои иҷроия ва татбиқкунандаи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ доир ба рафти амалисозӣ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳо шунида шуд.

Дар охир аз ҷониби Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Давлаталӣ Саид ҷиҳати ҳалли масъалаҳои ба миён омада ва бартараф намудани камбудию норасогиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.


Саҳифаи асосӣ


Сармоягузорӣ
Сармоягузории давлатӣ
Имкониятҳои сармоягузорӣ
Роҳнамои сармоягузор
Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
Харитаи сармоягузорӣ
Соҳибкорӣ
Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
Механизмҳои ҳамкорӣ
Санҷиши фаъолият
Раёсати иҷозатномадиҳӣ
Рейтингҳо
Соҳибкории занон
Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
Моликияти давлатӣ
Идораи моликияти давлатӣ
Таҷдид ва хусусигардонӣ
Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
Чаро Тоҷикистон?
2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Яндекс.Метрика
ТАМОС БО МО