Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории ҷаласаи кории Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      05.02.2021
      813

      Бо мақсади баррасии имкониятҳои сармоягузорию соҳибкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳодҳои ширкатҳои амрикоӣ таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Давлаталӣ Саид, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА ва Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико санаи 5 феврали соли 2021 ҷаласаи корӣ дар шакли маҷозӣ ташкил ва барзгузор намуд.

      Дар кори ҷаласаи мазкур роҳбарону масъулини мақомоти давлатӣ, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ мӯҳтарам Қодирзода Саъдӣ, Сафири Фавқулодда ва Мӯхтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА муҳтарам Ҳамрализода Фаррух, Президенти Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Амрико ҷаноби Филлип де Леон ва доираи васеъ ва бонуфузи бахши хусусии Тоҷикистону Амрико, аз қабили American Councils for International Education, Boeing, General Electric, Caterpillar, Coca-Cola, Comsup, John Deer, Medtronic, Silverleafe, Valmont, VISA, Zeppelin, Xenophon Strategies, Somon Air, Tojik Air ва ғайра иштирок ва суханронӣ намуданд.

      Зимни баргузории чорабинӣ аз ҷониби муҳтарам Давлаталӣ Саид ба саволҳои ширкатҳои амрикоӣ посухҳои дахлдор пешниҳод гардида, қайд карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодааст ҷиҳати ҷалби бештари сармояи мустақим ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкатҳои амрикоӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.

      Ҳамзамон, аз ҷониби масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои соҳибкорону сармоягузорони ИМА рӯнамо оид ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони амрикоӣ барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки ҷумҳурӣ даъват ба амал оварда шуд.

      Дар ҷараёни мулоқот бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорони ИМА ҳамчунин захираҳои бойи табиии Тоҷикистон аз қабили об, сангҳои қиматбаҳо, металҳои ранга ва сиёҳ, инчунин дигар канданиҳои фоиданок, имкониятҳои бузурги ҳамкорӣ дар бахши кишоварзӣ, коркарди меваю сабзавот ва пахта, муаррифӣ карда шуд.

      Директори иҷроияи Шӯрои болозикр хонум Елена Сон иброз намуд, ки дар шароити имрӯза баргузор намудани чунин чорабиниҳо муҳим арзёбӣ мегардад ва дар назар аст, ки дар ояндаи наздик силсила вохуриҳои маҷозӣ аз рӯи соҳаҳо байни бахши хусусии ду кишвар ташкил карда шавад.

      Дар маҷмӯъ, видеоконфронс дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мубоҳисаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ сурат гирифт.

      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО