Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар соли 2020 баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати мамлакат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тақвият бахшидани беҳсозии фазои сармоягузорӣ, татбиқи босуръати лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ ва идораи самараноки амволи давлатӣ мунтазам чораҳои мушаххас андешида истодааст.
Бо мавҷудияти чунин ҳолат, Кумита бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати пешбурди фаъолиятро дар самти ҷалби сармоя, татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва истифодаи моликияти давлатӣ бо мақсади таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ пайгирона идома дода, дар ин самт тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намуд.
Ба ҳолати феълӣ маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 70 адад иборат мебошад, ки маблағи умумии он наздики 40 милиард сомонӣ (3,53 млрд доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, маориф, хоҷагии манзилию коммуналӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, экология ва ҳолатҳои фавқулодда, ирригатсия/обёрӣ, дигар соҳаҳо мавриди амал қарор доранд, ки дар доираи онҳо бунёди роҳу купрукҳо, таҷдид ва тармими сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ, сохмон, азнавсозии ва муҷаҳҳазгардонии мактабу беморхонаҳо ва дигар иншооти зарурӣ корҳо идома доранд.
Дар соли 2020 аз ҷониби Кумита «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ғаюр» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ» ва «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Композит Т.А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ дар шаҳри Душанбе» ба маблағи беш аз 200 млн сомонӣ ба имзо расонида шуданд. Дар доираи лоиҳаҳои созишномаи мазкур 200 ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад.
Новобаста аз вазъияти эпидемиологӣ дар ҷаҳон ва ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои вобаста ба он дар соли 2020 форумҳо ва мулоқоту гуфтушунидҳои маҷозӣ (фосилавӣ) бо сармоягузорони ҷумҳуриҳои Франсия, Корея, Британияи Кабир, Ҳиндустон, Австралия, Хитой, Қазоқистон, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва як қатор созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию сармоягузорӣ ташкил ва баргузор карда шуда, натиҷаҳои он мавриди иҷро қарор доранд.
Тибқи таҳлилҳои ташкилотҳои бонуфузи байнамилалӣ муайян карда шуд, ки коҳишёбии сатҳи ҷаҳонии сармояи мустақими хориҷӣ 42 фоизро дар соли 2020 ташкил медиҳад. Ин раванд дар соли 2021 низ бо коҳишёбии 5-10 фоиз идома ёфта, барқароршавии он дар соли 2022 бо дарназардошти беҳтаршавии вазъият дар назар мебошад.
Дар соли 2020 сармояи мустақими хориҷӣ дар ҷумҳурӣ 162,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки дар қиёс нисбат ба соли 2019 53 фоиз коҳиш ёфтааст.
Давоми нимсолаи якуми соли ҷорӣ Кумита тасмим дорад, ки дар шакли маҷозӣ форуму мулоқотҳоро бо доираҳои соҳибкорию сармоягузории Ҷумҳурии Корея, Штатҳои Муттаҳидаи Амрико ва Туркия баргузор намуда, дар нимсолаи дуюм бо беҳтар гардидани вазъияти эпидемиологӣ форумҳои сармоягузориро бо давлатҳои Фаронса, Британия Кабир, Австралия ва давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай дар шакли ҳузурӣ доир намояд.
Дар шароити рақобати шадид ҷиҳати салби сармоя ва бо дарназардошти таъсири пандемияи коронавирус ва марҳилаи баъди пандемия, Кумита тамоми захираву имкониятҳои худро барои густариши механизмҳои нав ва муосири ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус сармояи мустақим равона хоҳад кард.
Ҳамзамон аз ҷониби Кумита ҷиҳати ҷалби амалигардонии 7 лоиҳаи сармоягузорӣ бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамкорӣ намуда истодааст, ки дар мавриди татбиқи лоиҳаҳои болозикр барои шаҳрвандони маҳаллӣ зиёда аз 1000 ҷойи кории нав ташкил карда мешавад.
Дар доираи ин лоиҳаҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 11 корхонаи бузурги истеҳсолӣ, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли гушти чорво ва паранда, истихроҷ ва коркарди маъдан, истеҳсоли қубурҳои шишапластикӣ ва таҷҳизоти барқӣ дар шаҳри Душанбе, истеҳсоли семент, гармхонаи инноватсионӣ барои истеҳсоли сабзавот ва марказҳои тақсимоти яклухт пешбинӣ гардидааст.
Дар соли 2020 аз ҷониби Кумита бо мақсади таъмини гуногунсамтии (диверсификатсияи) ҷуғрофияи ҷалби сармоя як қатор ҳамоишу вохуриҳои муштарак бо доираҳои сармоягузории Ҷумҳурии Корея доир карда шуд.
Бо назардошти вазъият ва барои таҳкими ҳамкорӣ, то ин давра бо доираи сармоягузорони Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Туркия, Корея, Ҳиндустон, Қазоқистон, Украина, Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, Британияи Кабир ва бо роҳбарияти Иттиҳодияи байналмилалии соҳибкорони Франсия (МЕДЕФ) видеконфронси мустақим анҷом дода шуд, ки дар рафти онҳо вобаста ба татбиқи лоиҳаҳои аз лиҳози иқтисодӣ афзалиятнок ва манфиатдор музокирот анҷом дода шуданд.
Инчунин, санаи 29 сентябри соли 2020 Форуми сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Дар доираи он байни субъектони бахши давлатию хусусӣ 15 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Тибқи маълумоти Агентии омор муайян гардид, ки ба ҳолати 1 январи соли 2021 дар ҷумҳурӣ 335,3 ҳаз. субъекти соҳибкорӣ фаъолияткунанда ба қайд гирифта шудааст, ки ин нишондод дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 8,8 ҳаз. субъект ё 2,7 фоиз зиёд мебошад.
Бо мақсади дастгирии соҳибкорони навтаъсис ва рушди соҳибкории хурду миёна тавассути хизматрасониҳои методӣ, иттилоотӣ, омӯзишӣ, ҳуқуқӣ ва молиявӣ Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар назди Кумита таъсис дода шуда, бахшҳо ва шуъбаҳои он дар шаҳрҳои Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ ба фаъолият шуруъ намуданд. Аз ҷониби муассиса то ҳол 44 стартапҳо (соҳибкорони навкор) омода карда шудаанд, ки 7 адади онҳо ҳамчун соҳибкор аллакай ба қайд гирифта шудаанд.
Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2020 аз ҷониби мақомоти санҷишӣ дар маҷмӯъ 66,933 санҷиш гузаронида шудааст, ки аз ин шумора 40,116 санҷиш ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва 26,817 санҷиш ба мақомоту муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ рост меояд. Таҳлилҳо нишон дод, ки санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соли 2020 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, беш аз 10 ҳазор адад кам гардидааст.
Шумораи мақомоти иҷозатдиҳанда ба 3 адад ва номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба 17 адад ва ё 22,6 фоиз кам гардида, асос барои ба роҳ мондаи низоми электронии барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ фароҳам гардид, ки бевосита барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ такони ҷиддӣ медиҳад.
Ба ҳолати 31 декабри соли 2020 аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи моликияти давлати ҷумҳуриявӣ маблағи 63,0 млн. сомонӣ ба буҷети давлатӣ ворид шудааст. Аз ҳисоби ба иҷора супоридани моликияти ҷумҳуриявӣ 9,1 млн. сомонӣ ворид шудааст, ки ин нисбати нишондиҳандаи соли 2019 ба маблағи 2,1 млн. сомонӣ ё ин ки 31 фоиз зиёд мебошад.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 низ фаъолияти худро ҷиҳати амалигардонии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар самтҳои ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ, суръат бахшидан ба раванди хусусигардонӣ ва таъмини истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, фароҳамсозии шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ қавӣ ва самаранок хоҳад намуд.