ТАМОС БО МО
Санаи 12-уми феврали соли 2021 дар ҳамкории бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар меҳмонхонаи “Хилтон” ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои Гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳо, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Ҷаласа аз ҷониби муовини Раиси Кумита, Роҳбари Гурӯҳи корӣ-Хуршедаи Қодир ифтитоҳ гардида, изҳор намуданд, ки ҳамкории пурсамари Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд дар соҳаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, бо таваҷҷӯҳ ба ҷанбаҳои гендерӣ, минбаъд низ рушд хоҳад ёфт ва барои ҳарду тараф судманд хоҳад буд.
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ Абдуғаффор Раҳмонзода - муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон; Нигорахон Ғаффорзода - муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; Дилноза Аҳмадзода - муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оксана Пак, муовини директори Департаменти гендерӣ ва фарогирии иқтисодии БАТР ва Дина Беннетт ва Йоланда Гибб мушовирони байналмилалӣ оид ба соҳибкории занон ва корхонаҳои хурду миёна низ баромад намуданд.
Инчунин, лоиҳаи Нақшаи кори Гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба тақвият бахшидан ба рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, занон ва маъюбон барои солҳои 2021-2023 аз ҷониби котиботи гурӯҳ муаррифӣ гардида, бандҳои алоҳидаи он зери муҳокима қарор гирифт.
Дар ҷараёни ҷаласаи Гурӯҳи корӣ, иштирокдорон дар бораи дастовардҳо ва мушкилоти барномаи БАТР дар Осиёи Марказӣ дар соҳаи тиҷорат, инчунин дастур оид ба таҳлили таъсири танзими танзими гендерӣ, ки дар доираи ислоҳоти фазои гендерӣ дар Тоҷикистон таҳия шудааст, шинос шуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа фикру мулоҳизаҳои худро оид ба тарғиби сиёсати гендерӣ ва муайян кардани имкониятҳо барои рушди тиҷорати занон, инчунин таъмини кафолати озодии иқтисодӣ ба аҳолии ҷавон дар робита бо сиёсати давлатӣ мубодила карданд.Натиҷаҳои муҳокимаҳо аз ҷониби муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршедаи Қодир ҷамъбаст карда шуданд ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар хотима, роҳбари Гурӯҳи корӣ бори дигар ба ҳамаи аъзоён барои иштироки фаъолона изҳори миннатдорӣ намуда, оид ба тавсияҳо шарҳҳои арзишманд пешниҳод намуда, бо итминон қайд кард, ки бо муттаҳид намудани кӯшишҳои муштарак ва таҳкими ҳамкорӣ, онҳо барои дастгирӣ ва рушди ҷавонон, занон ва шахсони имконияташон маҳдуд назаррас хоҳанд кард.