Санаи 5 марти соли 2021 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба муносибати Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси Кумита Қодирзода С. С. зимни иштирок дар чорабинӣ занону бонувонро ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, қайд кард, ки ҷашни занон дар байни дигар идҳои милливу байналмилалӣ мақоми хоса дорад ва аз ҷумлаи самимитарин ва зеботарин рӯзҳои сол мебошад.
Бо фаро расидани сулҳу амонӣ дар сарзамини ҳамешабаҳори мо якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию ваҳдат сол аз сол густариш ва таҳким меёбад. Ин боиси шодмонӣ ва шукргузории тамоми халқ, дар навбати аввал модарони мушфиқ аст. Зан - модар, ки офаранда ва тарбияткунандаи авлоди башар аст, ҳаёт ва неъматҳои бузурги он - озодӣ, сулҳ, оромӣ ва осудагиро бештар қадр мекунад.
Ба хотири таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқҳои инсониву конститутсионии занон имрӯз давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон тамоми тадбирҳои зарурӣ ва имконпазирро андешида, мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ онҳоро дар амал татбиқ менамояд.
Дар сатҳи давлатӣ ва ботантанаву шукӯҳи хосса ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон мебошад, зеро нақши занону модарон дар ободии хонадон, тарбия кардану ба воя расонидани фарзандон, омӯзонидани забони модарӣ, одобу маънавиёт, парвариши эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ, ҳисси миллӣ ва ифтихори ватандорӣ беназир аст.
Раиси Кумита Қодирзода С. С. иброз намуд, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавқеъ ва ҷойгоҳи занон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуданд. Пешвои муаззами миллат занонро нерӯи созандаи ҷомеа дониста, бо ишора ба нақши фаъоли онҳо дар ҷомеаи имрӯза, эътимоду боварии худро нисбат ба ин табақаи пешсафи ҷомеа чунин иброз доштанд:
“Имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизмати давлатӣ нақши бисёр арзишманд доранд ва мо дар оянда барои онҳо шароити ҳарчӣ беҳтар муҳайё мекунем ва ташаббусҳои занону бонувони мамлакатро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем”.
Натиҷаи ҳамин сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат аст, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият – мақоми олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзуда, занон дар рушду инкишоф ва пешрафти самтҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд