Санаи 5 марти соли 2021 дар маҷлисгоҳи Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ дар назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ бо иштироки сардорон ва масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва ташкилоти системаи Кумита чорабинӣ вобаста ба омӯзиши нуқтаҳои паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикисон баргузор гардид.
Чорабиниро сардори раёсати низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо - Комил Ҳақназарзода оғоз намуда, нахуст дар бораи мафҳум ва моҳияти Паём ибрози ақида намуд.
Қайд карда шуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳуҷати стратегиест, ки дар заминаи он дигар нақшаву барномаҳо тарҳрезӣ мегарданд ва барои амалишавии онҳо дар ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд.
Сипас, сардори раёсати дастгирии соҳибкорӣ- Исфандиёр Яздонзода вобаста ба нуқтаҳои Паём муфассал баромада намуда, қайд намуд, ки дарПаёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Мо низ, кормандони Кумитаи давлатии самряоугзорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд якҷо ҷиҳати татбиқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат камари ҳиммат баста, баҳри рушди иҷтимоию иқтисодии кишварамон чораандешӣ ва саҳмгузорӣ намоем.
Ҳамзамон сардорон ва кормандони ташкилотҳои системаи Кумита хулосаҳои худро бо қаноатмандӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат- Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
Дар охир сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус- Дилшод Абдуалимзода аз суханронии баромадкунандагон натиҷагирӣ намуда, қайд кард, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Мо бояд ба кадри ин сулх ва истиклолияти миллӣ бирасем ва дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагардем, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошем.