Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Баргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон

      Асосӣ
      —
      Хабарҳо
      —
      Бойгонии хабарҳо
      16.03.2021
      647

      Санаи 16 марти соли 2021 дар доираи ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор гардид. 

      Дар Форуми мазкур намояндагони зиёда аз 60 ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла нақлиёт, логистикӣ, истеҳсоли мошинаҳо, локомотивҳо, орду маҳсулоти озуқа, кишоварзӣ, молияву бонкдорӣ, телекоммуникатсия, суғуртакунӣ ва тиҷорат, инчунин намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ тавассути маҷозию ғайримаҷозӣ  иштирок намуданд.

      Дар доираи Форум ба иштирокчиён фазо ва имкониятҳои сармоягузории ҳарду кишвар дар соҳаҳои гуногун муаррифӣ карда шуд.

      Қайд карда шуд, ки дар солҳои охир тавсеаи робитаҳои тиҷоратии ду халқи бародар ба назар мерасад, ки заминаи ин иродаи сиёсии роҳбарони ду кишвар, тақвияти ҳамкорӣ дар доираи комиссияи байниҳукуматӣ ва як қатор чорабиниҳои муҳиме, ки дар ин муддат баргузор шуданд, аз ҷумла намоишгоҳҳо ва форумҳои соҳибкорию сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон заминаи мусоидро барои муколамаи созанда ва барқарор намудани робитаҳои тиҷорӣ байни соҳибкорони ду кишвари ҳамсоя фароҳам оварданд. 

      Баъдан вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони ҳарду кишвар дар формати “Соҳибкор бо соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, масъалаҳои тиҷоратӣ байни намояндагони бахши хусусии ҷонибҳо матраҳ карда шуданд.

      Аз натиҷаи вохӯриҳо ба имзорасонии санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду кишвар дар назар дошта шудааст. 

      Иштирокчиёни Форуми сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва ба имзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.



      Саҳифаи асосӣ


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО