Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 16-18 сентябри соли 2025 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ “Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ” баргузор менамоянд.
Қобили қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 инҷониб аъзои комилҳуқуқи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ буда, баргузории “Форуми муштараки сармоягузории ҷаҳонии сайёҳӣ” баҳри мустаҳам кардани мавқеи кишвар миёни мамлакатҳои аъзо, ноил шудан ба ҳадафҳои Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва самаранок амалишавии марҳилаи сеюми Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки ба ҷалби сармоя равона гардидааст, мусоидат менамояд.
Дар Форум роҳбарони мақомоти сайёҳии кишварҳои узви Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, масъулини мақомоти маҳал, корпуси дипломтии муқими Душанбе, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои сайёҳии мамлакат, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ, меҳмонхонаҳо, осоишгоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, ки дар риштаи сайёҳӣ мутахассис омода месозанд, коршиносонии соҳа, марказҳои иттилоотию хизматрасонӣ, рӯзноманигорони дохилию хориҷӣ ва блогерон иштирок менамоянд.
Дар кори форум масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобила ва табодули таҷрибаҳои назаррас байни давлатҳои узви Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ҷалби сармоя, рушди инфрасохтор ва муаррифии ҳарчи бештари иқтидорҳои сайёҳӣ баррасӣ мегарданд.
Узвияти мамлакати мо дар Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, ки яке аз 12 оҷонсиҳои Созмони Милали Муттаҳид ба ҳисоб меравад, дар баробари омӯзиши таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ ва иштирок дар ҷараёни ҳаллу фасли масоили рӯзмараи соҳа, барои ташаккул ва дар оянда мустаҳкам кардани имиҷи ҷумҳурӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ бениҳоят манфиати зиёд мерасонад.
Инчунин, узвият ба ин созмон ва баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд барои гузаронидани таҳлилҳои маркетингӣ ва муайян кардани захираву имконоти кишвар дар бахши сайёҳӣ шароити мусоидеро фароҳам хоҳад овард.