КУМИТАИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ВА ИДОРАИ АМВОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ТЕНДЕР ОИД БА ФУРӮШИ ИНШООТИ СОХТМОНАШ НОТАМОМРО ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
НОМГӮИ
иншоотҳои сохтмонаш нотамоме, ки тариқи тендери сармоягузорӣ ба фурӯш бароварда мешаванд:
| № |
Номгӯй ва маҳалли ҷойгиршавии иншооти сохтмонаш нотамом |
Арзиши сметавӣ (бо сомонӣ) |
Тайёрии иншоот (бо %) |
Масоҳати қитъаи замини иншоот (га) |
Арзиши баҳододашудаи иншооти сохтмонаш нотамом (бо сомонӣ) |
Нархи ибтидоии иншооти сохтмонаш нотамом (бо сомонӣ) |
Муҳлати баанҷом- расонии сохтмон |
| 1 | Бинои истиқоматии 48-ҳуҷрадори Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бодом”, воқеъ дар шаҳри Конибодом | 742,13 (тыс. руб.) | 4,5 | 1200 м2 (масоҳати сохташуда) | 372613 | 24 моҳ | |
| 2 |
Қисми бинои 56-ҳуҷрадор (иборат аз 24 ҳуҷра)-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бодом”, воқеъ дар шаҳри Конибодом |
- | - | 600 м2 (масоҳати сохташуда) | 240298 | 24 моҳ |
Инҳо метавонанд иштирокчии тендер бошанд:
- шахсони ҳуқуқие, ки дар фонди оинномавиашон ҳиссаи давлат аз 25% зиёд нест;
- шахсони воқеӣ;
- шахсони ҳуқуқию воқеии хориҷӣ.
Ҳамчун иштирокчӣ барои бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кардан зарур аст:
- дархост барои иштирок намудан дар тендер бе нишон додани номи иншооти сохтмонаш нотамом, ки уҳдадориҳои хаттии шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеиро барои бастани шартномаи хариду фурӯш бо шартҳое, ки дар эълони баргузории тендер муайян шудааст, дар бар мегирад;
- нусхаи асл ё нусхаи ҳуҷҷате, ки пардохти кафолатиро гувоҳӣ медиҳад;
- лифофаи сарбаста бо 4 нусхаи барнома, ки дар он нархи хариди иншоот бо мавқеи ҷойгиршавии он пешниҳод мешавад.
Шахсони ҳуқуқӣ ба таври иловагӣ нусхаи шартномаи муассисӣ, оиннома ва шаҳодатномаи бақайдгирии шахси ҳуқуқиро, ки тариқи идораи нотариалӣ тасдиқ шудааст, пешниҳод менамоянд.
Шартҳои ҳатмии тендер инҳо мебошанд:
- уҳдадории иштирокчӣ ҷиҳати мавриди истифода қарор додани иншооти сохтмонаш нотамом;
- анҷоми тадбирҳои зарурӣ барои таъмини бехатарии экологӣ ва ҳифзи муҳити зист;
- анҷоми тадбирҳо барои ободонии гирду атрофи иншоот;
- ҳуқуқи моликият ба харидор баъди ба истифода додани иншоот ба расмият дароварда мешавад;
- дар ҳолати ғолиб донистани иштирокчӣ, дар давоми 3 моҳ бо ризоият (мувофиқагардонии нақша ва сметаи хароҷот) бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалли ҷойгиршавии иншоот, сохтмони иншоот оғоз мешавад.
Муҳлати додани дархост барои иштирок дар тендер аз вақти нашр гардидани эълони мазкур муайян гардида, муҳлати қабули охирини дархостҳо то соати 17:00 санаи 1 январи соли 2026.
Маблағи кафолатӣ баробар ба ҳаҷми 100 каратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба суратҳисоби зерини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт мешавад:
- бо сомонӣ: Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, РМА 010010058, Суратҳисоб №20204972561010100004, АМБ 350101800, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пардохти кафолатӣ ба нархи иншоот дохил мешавад.
Ғолиби тендер ба суратҳисоби фурӯшанда боҷи комиссионӣ дар ҳаҷми 5% ва боҷи давлатӣ дар ҳаҷми 0,5 % аз нархи фурӯши объект месупорад, ки онҳо ба нархи фурӯши иншоот дохил намешаванд.
Маълумоти иловагиро дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо суроғаи: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40, утоқи 57 ва телефонҳои 221-16-14, 221-44-71 гирифтан мумкин аст.

Русский
English
35