Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      ДАРХОСТИ ИЗҲОРИ МАНФИАТМАНДӢ (ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАШВАРАТИИ ИНФИРОДӢ)

      ДАРХОСТИ ИЗҲОРИ МАНФИАТМАНДӢ

      (ХИЗМАТРАСОНИҲОИ МАШВАРАТИИ ИНФИРОДӢ)

       Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Лоиҳаи «Экосистемаи стартапҳо барои рушди иқтисодиёт (SEED)» – Омодасозии лоиҳа (GFPP)

      Рақами грант: P182037

      Унвон: Мушовири байналмилалӣ оид ба баланд бардоштани иқтидор барои рушди экосистемаи соҳибкорӣ

       Рақами истинод: SCIPM/SEED/IC/2026-04

       Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (SCIPM) аз Бонки Ҷаҳонӣ барои омодасозии Лоиҳаи «Экосистемаи стартапҳо барои рушди иқтисодӣ (SEED)» маблағгузорӣ дарёфт намудааст ва ният дорад қисми маблағҳоро барои хизматрасониҳои машваратии инфиродӣ истифода барад. Ҳадафи супориш — тақвияти иқтидори институтсионалӣ, идоракунӣ ва амалиётии Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (SCIPM) ва Инкубатори давлатии соҳибкорӣ (SBI) ҷиҳати тарҳрезӣ, идора ва татбиқи самараноки барномаҳои рушди экосистемаи соҳибкорӣ ва инноватсионӣ мебошад. Давомнокии супориш набояд аз ҳашт (8) моҳ зиёд бошад.

      Шартномаи техникии муфассал (ToR) барои ин супориш тавассути пайванди зерин дастрас аст: https://docs.google.com/document/d/1Y4qoZzooAq2vaezhmW-4E4fRDUre8O97/edit?usp=sharing&ouid=111293175137951339186&rtpof=true&sd=true

      SCIPM мушовирони инфиродии мувофиқ («Мушовирон»)-ро даъват менамояд, то манфиатмандии худро барои пешниҳоди хизматрасониҳо изҳор кунанд. Мушовирони манфиатманд бояд маълумотеро пешниҳод намоянд, ки дорои тахассус ва таҷрибаи дахлдор будани онҳоро барои иҷрои хизматрасониҳо тасдиқ мекунад, аз ҷумла Тарҷумаи ҳол (CV)-и навшуда ва як номаи кӯтоҳи ҳамроҳ (cover letter). Меъёрҳои интихоби Мушовир чунинанд: дараҷаи олӣ (магистр/доктор) дар соҳаҳои иқтисод, идоракунии бизнес, сиёсати давлатӣ, идоракунии инноватсия ё соҳаҳои вобаста; на камтар аз даҳ (10) соли таҷрибаи исботшуда дар рушди экосистемаи соҳибкорӣ, сиёсати инноватсионӣ ва/ё дастгирии МСП/стартапҳо; таҷрибаи исботшудаи кор бо муассисаҳои давлатӣ ва ташкилотҳои дастгирии соҳибкорӣ (монанди инкубаторҳо, агентиҳои инноватсия, донишгоҳҳо ё марказҳои инноватсионӣ), аз ҷумла таҳкими институтсионалӣ ва баланд бардоштани иқтидор; дониши қавӣ аз таҷрибаҳои беҳтарини байналмилалӣ дар барномаҳои дастгирии соҳибкорӣ ва амалиёти экосистема; малакаҳои аъло дар таҳлил, фасилитатсия/гузаронидани омӯзишҳо ва таҳияи ҳисоботҳо, инчунин қобилияти кор бо ҷонибҳои манфиатдор; таҷриба дар лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки Ҷаҳонӣ маблағгузоришуда ё дигар донорҳо бартарии ҷиддӣ мебошад; таҷрибаи кор дар Осиёи Марказӣ ё шароити монанд бартарӣ маҳсуб меёбад.

      Диққати Мушовирони манфиатманд ба бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17 Қоидаҳои хариди Бонки Ҷаҳонӣ барои қарзгирандагони маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ (IPF Borrowers) аз феврали соли 2025 ҷалб карда мешавад, ки сиёсати Бонки Ҷаҳонӣ оид ба муноқишаи манфиатҳоро муайян мекунад.

      Маълумоти иловагӣ дар соатҳои корӣ аз 08:00 то 17:00 бо вақти маҳаллӣ аз рӯи суроғаи зер дастрас аст.

      Изҳори манфиатмандӣ бо ҳамроҳии CV бояд ба суроғаи почтаи электронии зер на дертар аз соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ то 23 феврали соли 2026 ирсол карда шавад.

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон / Лоиҳаи «Экосистемаи стартапҳо барои рушди иқтисодиёт» – Омодасозии лоиҳа.

      Сохтори татбиқи лоиҳа (PIS)

      Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 40 / 734000

      Ба диққати: Мутахассиси хариди PIS

      E-mail: mahmadaliev.proc@gmail.com

      Нусха: Ҳамоҳангсози лоиҳа zafar.makhmudov@gmail.com

      Тел.: +992372210121

       


      09.02.2026
      59
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО