Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Эълон барои иштирок дар озмун барои вазифаи Ҳамоҳангсози лоиҳа

      ДАЪВАТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ

      МУШОВИРИ ИНФИРОДӢ

       Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Лоиҳаи “Тавонмандсозии иқтисодии занон дар Тоҷикистон” (TWEEP)

      Рақами грант: TF-D1600

      Вазифа: Ҳамоҳангсози лоиҳа

      Рақами истинод: TWEEP-CS-IC-01

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Бонки Ҷаҳонӣ лоиҳаи “Тавомандсозии иқтисодии занон дар Тоҷикистон” (TWEEP)-ро татбиқ намуда, як қисми маблағҳо барои ҷалби хизматрасонии мушовири инфиродӣ равона хоҳад шуд.

      Ҳадафи асосии вазифаи мазкур таъмини ҳамоҳангсозии умумӣ ва дастгирии идоракунии татбиқи лоиҳаи “Тавомандсозии иқтисодии занон дар Тоҷикистон” (TWEEP) мебошад. Ҳамоҳангсози лоиҳа барои назорати татбиқи лоиҳа тибқи ҳуҷҷатҳо ва ҳадафҳои лоиҳавӣ, ҳамкорӣ бо Бонки Ҷаҳонӣ, мақомоти давлатӣ, Гурӯҳи татбиқи лоиҳа, мушовирон ва дигар тарафҳои манфиатдор, инчунин барои таъмини банақшагирӣ, иҷро, мониторинг ва арзёбии фаъолияти лоиҳа масъул хоҳад буд.

      Вазифаи болозикр кори пурравақт буда, дар ҳолати зарурӣ сафарҳои хизматӣ ба объектҳои минтақавии лоиҳа пешбинӣ мегарданд. Мӯҳлати шартнома аз моҳи июли соли 2026 то моҳи июли соли 2029, аз ҷумла давраи озмоишии се (3) моҳаро дар бар мегирад.

      Супориши техникии муфассал (ToR) барои вазифаи мазкур тариқи истиноди зерин дастрас аст:

      https://docs.google.com/document/d/1t_7EhUOzwVRV7O5U0gYu6tZMr4cqCTiaLII8U8egDCo/edit?usp=sharing

      Дар робита ба ин, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон довталабонро барои иштирок дар озмун барои ишғоли вазифаи болозикр даъват менамояд. Довталабон бояд маълумотҳое пешниҳод намоянд, ки мавҷудияти тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи дахлдорро барои иҷрои хизматрасониҳо тасдиқ намоянд.

       Меъёрҳои интихоби мушовир:

      Маълумот

      • Дорои дараҷаи на камтар аз магистр дар соҳаи идоракунии давлатӣ, идоракунии лоиҳаҳо, идоракунии тиҷорат, иқтисод ё соҳаи алоқаманд;

      Таҷрибаи корӣ

      • На камтар аз 5 соли таҷрибаи касбии дахлдор дар соҳаи идоракунӣ ё ҳамоҳангсозии лоиҳаҳо, бахусус лоиҳаҳои байниидоравӣ ё бисёрсохторӣ;
      • Таҷрибаи тасдиқшудаи кор бо муассисаҳои молиявии байналмилалӣ (МФБ);
      • Таҷрибаи омодасозии супоришҳои техникӣ (ТЗ), мушаххасоти техникӣ ва ҳисоботҳои натиҷагирӣ ба забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ/русӣ;
      • Таҷрибаи идоракунии барномаҳои грантӣ, грантҳои мувофиқ (matching grants) ё фондҳои дастгирии соҳибкорӣ;
      • Таҷриба дар соҳаи рушди соҳибкорӣ, барномаҳои дастгирии КХМ (корхонаҳои хурду миёна), бизнес-инкубатсия/акселератсия ё ташаббусҳои таъмини манбаъҳои зиндагӣ, бахусус онҳое, ки занони соҳибкорро дастгирӣ менамоянд;

      Малакаҳои махсуси шахсӣ ва муоширатӣ

      • Донистани забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ (шифоӣ ва хаттӣ);
      • Истифодабарандаи компютер, бастаи Microsoft Office, почтаи электронӣ ва воситаҳои ҳамкории онлайн.

      Диққати довталабонро ба бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17-и «Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо барои қарзгирони ИФП» (Procurement Regulations for IPF Borrowers) аз сентябри соли 2025 (минбаъд — «Қоидаҳо»), ки сиёсати Бонки Ҷаҳонӣ оид ба ихтилофи манфиатҳоро муқаррар менамоянд, ҷалб менамоем.

      Ҳамоҳангсози лоиҳа мутобиқи усули интихоби мушовирони инфиродӣ, ки дар қоидаҳои Бонки Ҷаҳонӣ оид ба харидҳо муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.

      Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иштирок дар озмун:

       - ариза ба унвони Раиси Кумитаи давлатии самоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

      - варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

      - тарҷумаи ҳол (CV);

      - номаи ҳамроҳ (a brief cover letter);

      - 4 дона расм  (2 дона.- 4х6, 2 дона.- 3х4);

      - нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилот;

      - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

      - нусхаи шиноснома;

      - нусхаи гувоҳномаи мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

      - нусхаи СИН;

      - маълумотномаи доғи судӣ;

      - маълумотномаи оид ба вазъи саломатии шакли №038;

      - нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намуданд);

      - маълумотнома (объективка) аз ҷойи кор.

       Тартиби пешиҳоди ҳуҷҷатҳо:

       Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои мазкурро тавассути почтаи электронии dilshabdualimov@gmail.com (нусха: mahmadaliev.proc@gmail.com, khurshedai_qodir@mail.ru) ё шахсан ба суроғаи зерин:

      ш. Душанбе, хиёбони Рудакӣ 40, ошёнаи 2, ҳуҷҷраи №33 (сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Кумитаи давлатии самоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ирсол намоянд.

       Телефон барои маълумот: 221-47-68, 934234488, 000012828

       Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то – 12 июни соли 2026.


      29.05.2026
      74
      Саҳифаи асосӣ
      • Эълон барои иштирок дар озмун барои вазифаи Ҳамоҳангсози лоиҳа
      • Эълон оиди баргузории нишасти матбуотӣ
      • Оғози лоиҳаи нав оид ба «Баланд бардоштани имкониятҳои иқтисодии занон дар Тоҷикистон»
      • ЭЪЛОН


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО