Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)
Рақами грант: TF-D1600
Вазифа: Мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ (M&E)
Рақами истинод: TWEEP-CS-IC-05
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ барои омодасозӣ ва татбиқи Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодиёти занон дар Тоҷикистон (TWEEP) гирифтааст ва ният дорад қисми ин маблағҳоро барои хизматрасонии мушовири инфиродӣ равона созад.
Вазифа аз таҳия, татбиқ ва идоракунии низоми мониторинг, арзёбӣ ва омӯзиши лоиҳа иборат аст, то пешрафт аз рӯйи нишондиҳандаҳои мувофиқашуда пайгирӣ шуда, қабули қарорҳо дар асоси далелҳо дастгирӣ гардад ва ҳисоботдиҳии саривақтӣ ва дақиқ ба Бонки ҷаҳонӣ ва ҷонибҳои манфиатдори миллӣ таъмин карда шавад. Мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ низоми мониторинг, арзёбӣ ва омӯзиши лоиҳаро таъсис дода, фаъолияти онро таъмин менамояд, раванди татбиқро дар тамоми компонентҳои лоиҳа назорат мекунад, маълумоти мониторингиро ҷамъоварӣ, санҷиш, муттаҳид ва таҳлил менамояд, пойгоҳи маълумоти мониторинги лоиҳа ва сабтҳои бенефитсиарҳоро нигоҳ медорад, нишондиҳандаҳои лоиҳаро пайгирӣ мекунад, барои ҳисоботҳои лоиҳа мавод омода менамояд, инчунин дар гузаронидани арзёбиҳои ибтидоӣ, миёнамӯҳлат ва ниҳоӣ дар ҳолати зарурӣ мусоидат мекунад. Мутахассис оид ба мониторинг ва арзёбӣ ба таври пурра дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, дар ҳолати зарурӣ ба объектҳои минтақавии лоиҳа (ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ВМКБ) сафарҳои корӣ анҷом медиҳад. Мӯҳлати шартнома аввал 12 моҳ, аз ҷумла мӯҳлати озмоишии се (3) моҳа, бо имкони тамдид вобаста ба натиҷаҳои фаъолият ва эҳтиёҷоти лоиҳа мебошад. Давомнокии умумии лоиҳа то моҳи апрели соли 2029 мебошад.
Супориши техникии муфассал (ToR) барои ин вазифа аз тариқи истиноди зерин дастрас аст: https://docs.google.com/document/d/1mfjysq6Eo4sNyA8njsEScYt2aX7SCwDsIQZk2cbyVh0/edit?usp=sharing
Бо ин васила, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеии воҷидшарт («Мушовирон»)-ро даъват менамояд, то шавқмандии худро ҷиҳати расонидани ин хизматрасониҳо изҳор намоянд. Мушовирони шавқманд бояд маълумоти тасдиқкунандаи мавҷудияти тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи дахлдор барои иҷрои ин хизматрасониҳоро, аз ҷумла резюмеи навшудаи (CV) тавсифи таҷрибаи иҷрои супоришҳои монанд ва номаи кӯтоҳи ҳамроҳ пешниҳод намоянд.
Меъёрҳои интихоби Мушовир:
Маълумот
- Дорои маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, омор, илмҳои иҷтимоӣ, таҳқиқоти рушд ё соҳаи марбута;
Таҷрибаи корӣ
- На камтар аз се (3) соли таҷрибаи касбии дахлдор дар соҳаи мониторинг ва арзёбӣ ё идоракунии ба натиҷаҳо нигаронидашуда;
- Таҷрибаи кор дар лоиҳаҳои маблағгузоришаванда аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ё дигар МФИ хеле матлуб аст;
- Шиносоӣ бо чаҳорчӯбаҳои натиҷаҳо (Results Frameworks) ва мониторинг дар асоси нишондиҳандаҳо;
Малакаҳои махсуси шахсӣ ва муоширатӣ
- Малакаҳои қавӣ дар ҷамъоварӣ, таҳлили маълумот ва ҳисоботдиҳӣ;
- Донистани озоди забони русӣ ҳатмист; дониши кории забони англисӣ ҳатмист.
Диққати Мушовирони шавқмандро ба бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17-и «Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо барои қарзгирони ИФП» (Procurement Regulations for IPF Borrowers) аз сентябри соли 2025 (минбаъд - «Қоидаҳо»), ки сиёсати Бонки ҷаҳонӣ оид ба ихтилофи манфиатҳоро муқаррар менамоянд, ҷалб менамоем.
Мушовир мутобиқи усули интихоби мушовирони инфиродӣ, ки дар Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.
Маълумоти иловагӣ метавонад дар суроғаи зерин дар соатҳои корӣ аз соати 08:00 то 17:00 бо вақти маҳаллӣ дастрас карда шавад.
Изҳори шавқмандӣ, аз ҷумла резюме (CV) ва номаи ҳамроҳ, метавонанд ба забонҳои англисӣ, русӣ ё тоҷикӣ пешниҳод карда шаванд ва бояд то соати 17:00 бо вақти маҳаллӣ санаи 24 июли, 2026 ба суроғаи электронии зерин фиристода шаванд.
Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи номзадҳо бояд тахассус, таҷрибаи касбии дахлдор ва қобилияти онҳоро барои иҷрои супориши мазкур пурра инъикос намоянд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, аз ҷумла резюме (CV) ва номаи ҳамроҳ, бояд мухтасар буда, дар маҷмӯъ аз даҳ (10) саҳифа зиёд набошанд.
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва
идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодиёти занон дар Тоҷикистон (TWEEP)
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40
Почтаи электронӣ: mahmadaliev.proc@gmail.com
Нусха: khurshedai_qodir@mail.ru
Нусха: orzuahmadzoda1979@gmail.com

Русский
English
48