Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Гузаронидани тадқиқоти ибтидоӣ (Baseline Survey) дар доираи лоиҳаи TWEEP

      ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

      Лоиҳаи тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)

      Грант №: TF-D1600 (TWEEP, P511398)

      Номисупориш: Гузаронидани тадқиқоти ибтидоӣ (Baseline Survey) дар доираи лоиҳаи TWEEP

      Рақамиистинод (тибқиНақшаихарид): TWEEP-CS-CQS-01

      Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки Ҷаҳонӣ 4,73 млн доллари ИМА барои татбиқи Лоиҳаи тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP) маблағгузорӣ гирифтааст ва ният дорад як қисми маблағҳои мазкурро барои хизматрасониҳои машваратӣ истифода барад.

      Хизматрасониҳои машваратӣ («Хизматрасониҳо») ҷалби ширкати машваратиро барои гузаронидани тадқиқоти ибтидоӣ (Baseline Survey) дар доираи лоиҳаи TWEEP пешбинӣ менамоянд. Ҳадафи супориш ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти ибтидоӣ барои арзёбии минбаъдаи пешрафт ва натиҷаҳои Лоиҳа мутобиқи низоми нишондиҳандаҳои натиҷаҳои он мебошад. Ширкати машваратии интихобшуда методологияи тадқиқот ва нақшаи интихобро таҳия ва мувофиқа намуда, воситаҳои тадқиқотиро омода ва дар низоми CAPI барномарезӣ мекунад, санҷиши пешакӣ ва озмоиши саҳроии саволномаҳоро мегузаронад, омӯзиши кормандони саҳроӣ, ҷамъоварӣ ва назорати сифати маълумот, тозакунӣ ва таҳлили маълумотро ташкил намуда, инчунин аз рӯи натиҷаҳои тадқиқоти ибтидоӣ ҳисоботи ниҳоии таҳлилӣ омода менамояд.

      Дар доираи супориш гузаронидани 1 080 мусоҳиба дар шаш ноҳияи мақсадноки татбиқи Лоиҳа, аз ҷумла 1 000 мусоҳиба бо занон ва 80 мусоҳиба бо корхонаҳои микро, хурд ва миёна (MSMEs), ки таҳти роҳбарӣ ё идоракунии занон қарор доранд, пешбинӣ шудааст. Илова бар ин, ширкати машваратӣ 12 муҳокимаи гурӯҳҳои фокусӣ (FGD), яъне ду муҳокима дар ҳар як ноҳияи татбиқи Лоиҳа, бо иштироки тақрибан 8–10 нафар дар ҳар гурӯҳ ташкил ва баргузор менамояд.

      Ширкат инчунин барои таҳияи нақшаи муфассали корҳои саҳроӣ, тарҷумаи воситаҳои тадқиқотӣ ба забонҳои дахлдор, барномарезии саволномаҳо дар низоми CAPI, мониторинги мунтазами корҳои саҳроӣ, гузаронидани back-checks, spot-checks ва дигар чорабиниҳо оид ба таъмини сифати маълумот, омода намудани пойгоҳҳои додаҳои тозашуда дар форматҳои Excel, SPSS ва Stata, гузаронидани таҳлили миқдорӣ ва сифатии маълумот, инчунин таҳияи ҳисоботи ниҳоӣ бо забонҳои англисӣ ва русӣ масъул хоҳад буд.

      Давомнокии пешбинишудаи хизматрасониҳои машваратӣ 6 (шаш) моҳ аз санаи имзои шартнома мебошад.

      Супориши техникӣ (TOR) барои супориши мазкурро метавон тавассути пайванди зерин дастрас намуд:

      https://docs.google.com/document/d/1gv7XTFcscnOfgOsxwWLJqxjwRv0_QRloLLE8XLiOUAY/edit?usp=sharing

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (SCISPM) тавассути Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (PIG) аз ширкатҳои машваратии қобили қабул («Мушовирон») даъват менамояд, ки барои пешниҳоди Хизматрасониҳо изҳори ҳавасмандӣ намоянд. Мушовирони манфиатдор бояд маълумотеро пешниҳод намоянд, ки мавҷудияти тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи дахлдори онҳоро барои пешниҳоди Хизматрасониҳо тасдиқ менамояд.

      Меъёрҳои ташаккули рӯйхати кӯтоҳ

      Изҳороти ҳавасмандӣ тибқи меъёрҳои зерин арзёбӣ карда мешаванд:

      (i) на камтар аз 5 соли таҷриба дар гузаронидани тадқиқоти васеъ дар миқёси муқоисашавандаи хонаводаҳо дар Тоҷикистон, аз ҷумла гузаронидани на камтар аз панҷ тадқиқот бо иштироки на камтар аз 1 000 респондент дар ҳар як тадқиқот бо истифода аз низоми мусоҳибаи шахсии компютерикунонидашуда (CAPI);

      (ii) мавҷудияти кормандони калидии соҳибихтисос, аз ҷумла мусоҳибагирони саҳроӣ, барои гузаронидани тадқиқоти ибтидоии арзёбӣ;

      (iii) таҷрибаи мустақими ҷамъоварии маълумоти тадқиқотӣ дар Тоҷикистон дар байни соҳибкорон; дониш ё таҷрибаи гузаронидани мусоҳиба бо занон дар минтақаҳои деҳот бартарӣ ҳисобида мешавад; ва

      (iv) таҷрибаи иҷрои супоришҳои шабеҳ дар доираи лоиҳаҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ ё дигар донорҳо.

      Коршиносони калидӣ дар марҳилаи ташаккули рӯйхати кӯтоҳ арзёбӣ карда намешаванд.

      Таваҷҷуҳи Мушовирони манфиатдор ба Бахши III, бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17-и Қоидаҳои хариди Бонки Ҷаҳонӣ барои қарзгирандагони IPF аз моҳи сентябри соли 2025 («Қоидаҳо») ҷалб карда мешавад, ки сиёсати Бонки Ҷаҳониро оид ба бархӯрди манфиатҳо муайян менамоянд.

      Мушовирон метавонанд бо дигар ширкатҳо барои баланд бардоштани тахассуси худ муттаҳид шаванд, аммо бояд ба таври возеҳ нишон диҳанд, ки чунин муттаҳидшавӣ дар шакли корхонаи муштарак ва/ё ҷалби зер-мушовир сурат мегирад. Дар сурати таъсиси корхонаи муштарак, ҳамаи шарикон дар ҳолати интихоб шудан барои тамоми шартнома масъулияти муштарак ва инфиродӣ доранд.

      Мушовир мутобиқи усули интихоби мушовирон аз рӯи тахассус (Consultant Qualification Selection — CQS), ки дар Қоидаҳои хариди Бонки Ҷаҳонӣ барои қарзгирандагони IPF муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.

      Маълумоти иловагиро метавон аз суроғаи дар поён овардашуда дар соатҳои корӣ аз 08:00 то 17:00 дастрас намуд.

      Изҳороти ҳавасмандӣ бояд тавассути почтаи электронӣ на дертар аз20 сентябри соли 2026, соати 16:00 (бо вақти маҳаллӣ) ба суроғаи дар поён зикршуда пешниҳод карда шаванд.

      Гурӯҳи татбиқи лоиҳа

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (SCISPM)

      Ба таваҷҷуҳи: Темур Маҳмадалиев, мутахассис оид ба харид

      хиёбони Рӯдакӣ, 40, Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
      734000 – Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Почтаи электронӣ: mahmadaliev.proc@gmail.com
      Нусха: khurshedai_qodir@mail.ru

      Нусха:orzuahmadzoda1979@gmail.com

      Сомона: investcom.tj

       


      25.08.2026
      4
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО