Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      ДАЪВАТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ МУШОВИРИ ИНФИРОДӢ

      Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)

      Рақами грант: TF-D1600

      Вазифа: Мутахассис оид ба коммуникатсия

      Рақами истинод: TWEEP-CS-IC-10

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ барои омодасозӣ ва татбиқи Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP) гирифтааст ва ният дорад қисми ин маблағҳоро барои хизматрасонии мушовири инфиродӣ равона созад.

      Вазифа аз таъмини коммуникатсияи самараноки берунӣ ва дохилӣ дар доираи TWEEP, аз ҷумла таҳия ва татбиқи стратегияи коммуникатсионии Лоиҳа ва чорабиниҳои коммуникатсионӣ ва намоёнсозӣ; дастгирии корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ ва паҳн намудани маълумот оид ба Компонентҳои 1 ва 2; мусоидат барои ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори омма ва дигар ҷонибҳои манфиатдор; таъмини паҳн намудани маълумоти дастрас дар бораи имкониятҳои Лоиҳа, воситаҳои пешниҳоди шикоятҳо, чорабиниҳо ва натиҷаҳои бадастомада дар байни гурӯҳҳои мақсаднок; инчунин ҳуҷҷатгузорӣ ва инъикоси дастовардҳо, таҷрибаи омӯхташуда ва натиҷаҳои Лоиҳа иборат мебошад. Мутахассис ба таври пурра дар идораи кории Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи (ГТЛ) назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, мунтазам ба минтақаҳои татбиқи Лоиҳа сафарҳои корӣ анҷом медиҳад. Мӯҳлати ибтидоии қарордод дувоздаҳ (12) моҳ, аз ҷумла давраи озмоишии се (3) моҳа буда, дар сурати натиҷаҳои қаноатбахши фаъолият ва вобаста ба эҳтиёҷоти Лоиҳа метавонад ҳар сол тамдид карда шавад. Давомнокии умумии Лоиҳа то моҳи апрели соли 2029 мебошад.

      Супориши техникии муфассал (ToR) барои ин вазифа аз тариқи истиноди зерин дастрас аст: https://docs.google.com/document/d/10fFhF_sfITnMcdicVcstNAnucUOzYTTK1RM0LIBfok8/edit?usp=sharing

      Бо ин васила, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеии ба талабот мувофиқ («Мушовирон»)-ро даъват менамояд, то ҳавасмандии худро ҷиҳати расонидани ин хизматрасониҳо изҳор намоянд. Мушовирони ҳавасманд бояд маълумоти тасдиқкунандаи мавҷудияти тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи дахлдор барои иҷрои ин хизматрасониҳоро, аз ҷумла резюмеи навшудаи (CV) тавсифи таҷрибаи иҷрои супоришҳои монанд ва номаи кӯтоҳи ҳамроҳ пешниҳод намоянд.

       Меъёрҳои интихоби Мушовир:

      Маълумот

      • Дараҷаи бакалавр дар соҳаи идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ, коммуникатсия, илмҳои иҷтимоӣ, иқтисод, сиёсати давлатӣ, идоракунии экологӣ/иқлимӣ ё соҳаи марбута.

      Таҷрибаи корӣ

      • На камтар аз се (3) соли таҷрибаи касбӣ дар як ё якчанд самтҳои зерин: идоракунии давлатӣ, коммуникатсия, ҳамкории байналмилалӣ, ҳамоҳангсозии барномаҳо/лоиҳаҳо ё ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор. Таҷрибаи кор бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд афзалият ба ҳисоб меравад;
      • Таҷрибаи таҳияи стратегияҳои коммуникатсионии лоиҳаҳо ва роҳбарӣ ба татбиқи онҳо, аз ҷумла идоракунии саҳифаҳои лоиҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва омода намудани маводҳои коммуникатсионӣ, ба монанди наворҳои кӯтоҳ/reels, дизайн ва инфографика;
      • Таҷрибаи таҳияи маводи расмӣ, таҳлилӣ, ҳисоботӣ, иттилоотӣ ва/ё муаррифавӣ, инчунин дастгирии ҳамоҳангсозии чорабиниҳо ва ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор;
      • Малакаи омода намудани муҳтаво барои шабакаҳои иҷтимоӣ ва дастгирии коммуникатсионии чорабиниҳо. Шиносоӣ бо масъалаҳои гендерӣ, рушди устувор ё тавонмандсозии иқтисодии занон афзалият ба ҳисоб меравад.

      Малакаҳои махсуси шахсӣ ва муоширатӣ

      • Малакаҳои қавии коммуникатсионӣ, ҳамоҳангсозӣ, ташкилӣ ва ҳамкорӣ бо ҷонибҳои манфиатдор;
      • Донистани озоди забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ва дониши хуби кории забони англисӣ;
      • Малакаи хуби кор бо MS Office ва идоракунии шабакаҳои иҷтимоӣ. Таҷрибаи кор бо системаҳои идоракунии муҳтавои веб-сомонаҳо, инчунин малакаҳои ибтидоии дизайни графикӣ ё таҳрири видео афзалият ба ҳисоб меравад.

      Пешниҳоди як ё ду намунаи маводи коммуникатсионии қаблан таҳиянамудаи номзад ё портфолиое, ки дорои истинодҳо ба маводи дахлдори коммуникатсионӣ мебошад, аз ҷумла мавод барои шабакаҳои иҷтимоӣ, нашрияҳо, наворҳои кӯтоҳ/reels, инфографика, пресс-релизҳо, ҳикояҳои муваффақият ё дигар маводи дахлдори коммуникатсионӣ, ҳамчун афзалият ба ҳисоб гирифта мешавад.

      Диққати Мушовирони шавқмандро ба бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17-и «Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо барои қарзгирони ИФП» (Procurement Regulations for IPF Borrowers) аз сентябри соли 2025 (минбаъд - «Қоидаҳо»), ки сиёсати Бонки ҷаҳонӣ оид ба ихтилофи манфиатҳоро муқаррар менамоянд, ҷалб менамоем.

      Мушовир мутобиқи усули интихоби мушовирони инфиродӣ, ки дар Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.

      Маълумоти иловагӣ метавонад дар суроғаи зерин дар соатҳои корӣ аз соати 08:00 то 16:00 бо вақти маҳаллӣ дастрас карда шавад.

      Изҳори ҳавасмандӣ, аз ҷумла резюме (CV) ва номаи ҳамроҳ, метавонанд ба забонҳои англисӣ, русӣ ё тоҷикӣ пешниҳод карда шаванд ва бояд то соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ санаи 07 сентябри соли 2026 ба суроғаи электронии зерин фиристода шаванд.

      Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи номзадҳо бояд тахассус, таҷрибаи касбии дахлдор ва қобилияти онҳоро барои иҷрои супориши мазкур пурра инъикос намоянд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, аз ҷумла резюме (CV) ва номаи ҳамроҳ, бояд мухтасар буда, дар маҷмӯъ аз даҳ (10) саҳифа зиёд набошанд.

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва

      идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)

      Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40

      Почтаи электронӣ: mahmadaliev.proc@gmail.com

      Нусха: khurshedai_qodir@mail.ru

      Нусха: orzuahmadzoda1979@gmail.com

       


      25.08.2026
      5
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО