Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Низоми иҷозатдиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      ДАЪВАТ БАРОИ ИЗҲОРИ ҲАВАСМАНДӢ/МУШОВИРИ ИНФИРОДӢ

      Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)

      Рақами грант: TF-D1600

      Вазифа: Сармутахассис оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ

      Рақами истинод: TWEEP-CS-IC-11

      Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ барои омодасозӣ ва татбиқи Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP) гирифтааст ва ният дорад қисми ин маблағҳоро барои ҷалби мушовири инфиродӣ ба вазифаи штатии Сармутахассис оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ равона созад.

      Вазифа аз таъмини назорати техникии Гурӯҳи татбиқи лоиҳа (ГТЛ) ва назорати сифат барои татбиқи Компоненти 1 «Дастгирии занон ва гурӯҳҳои занон барои беҳтар намудани манбаъҳои даромад», аз ҷумла Зеркомпонентҳои 1.1, 1.2 ва 1.3 иборат мебошад. Мутахассис ҳамчун намояндаи асосии техникии ГТЛ барои ҳамкорӣ бо Шарики техникӣ оид ба Компоненти 1 (TP1) фаъолият намуда, таҳти роҳбарии Ҳамоҳангсози лоиҳа сифат, саривақтӣ ва натиҷаҳои татбиқи фаъолияти TP1-ро назорат мекунад; методологияҳои асосӣ, нақшаҳои корӣ, равишҳо ва маводи омӯзишӣ, воситаҳои дастгирии баҳрабарандагон ва натиҷаҳои техникиро баррасӣ менамояд; фаъолияти марбут ба манбаъҳои даромад ва фаъолияти иқтисодии тавассути грантҳо дастгиришавандаро аз ҷиҳати қобилияти тиҷоратӣ ва робитаҳои бозорӣ арзёбӣ мекунад; мониторинги саҳроӣ ва санҷишҳои интихобиро дар асоси хавфҳо анҷом медиҳад; инчунин ба Ҳамоҳангсози лоиҳа оид ба қобили қабул будани натиҷаҳои техникӣ ва чораҳои ислоҳӣ тавсияҳо пешниҳод менамояд. Дар доираи Зеркомпоненти 1.1 дар маҷмуъ 3 200 зан бо малакаҳои соҳибкорӣ ва техникӣ омӯзонида шуда, аз онҳо 1 600 нафар барои гирифтани грантҳо дар шакли молу таҷҳизот ва минбаъд гирифтани роҳнамоӣ ва коучинг интихоб карда мешаванд. Мутахассис ба таври пурра дар идораи ГТЛ назди Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар шаҳри Душанбе фаъолият намуда, мунтазам ба ноҳияҳои мақсадноки Лоиҳа сафарҳои корӣ анҷом медиҳад. Қарордоди ибтидоӣ ба муҳлати дувоздаҳ (12) моҳ, аз ҷумла давраи озмоишии се (3) моҳа баста шуда, дар сурати натиҷаҳои қаноатбахши фаъолият, мавҷудияти маблағгузорӣ ва боқӣ мондани эҳтиёҷоти Лоиҳа ба ин вазифа метавонад тахминан то моҳи апрели соли 2029 тамдид карда шавад.

      Супориши техникии муфассал (ToR) барои ин вазифа аз тариқи истиноди зерин дастрас аст: https://docs.google.com/document/d/12em4bP9X2sYPDudLuV1w7Kn9qsy3d9LeiTpeQYnEXdM/edit?usp=sharing

      Бо ин васила, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеии ба талабот мувофиқ («Мушовирон»)-ро даъват менамояд, то ҳавасмандии худро ба ин вазифа изҳор намоянд. Мушовирони ҳавасманд бояд маълумоти тасдиқкунандаи мавҷудияти тахассуси зарурӣ ва таҷрибаи дахлдор барои иҷрои супориши мазкур, аз ҷумла резюмеи навшуда (CV) бо тавсифи таҷрибаи иҷрои супоришҳои монанд ва номаи кӯтоҳи ҳамроҳ пешниҳод намоянд.

      Меъёрҳои интихоби Мушовир:

      Маълумот

      • Маълумоти олӣ дар соҳаи иқтисод, соҳибкорӣ, менеҷмент, рушди байналмилалӣ, ҷомеашиносӣ, молия ё дигар соҳаи дахлдор.

      Таҷрибаи касбӣ

      • На камтар аз панҷ (5) соли таҷрибаи тасдиқшудаи касбӣ дар соҳаи рушди соҳибкорӣ, дастгирии манбаъҳои даромад, рушди тиҷорати хурд, омӯзиши калонсолон ё татбиқи лоиҳаҳои рушд;
      • На камтар аз се (3) соли таҷрибаи корӣ дар Тоҷикистон дар самти дастгирии соҳибкорӣ ва/ё бахши хусусӣ;
      • Таҷрибаи кор бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои бахши хусусӣ, ҷомеаҳои маҳаллӣ ва шарикони рушд.

      Малакаҳои забонӣ ва компютерӣ

      • Донистани озоди забонҳои тоҷикӣ ва русӣ; донистани забони англисӣ афзалият ба ҳисоб меравад;
      • Малакаи хуби кор бо барномаҳои MS Office (Word, Excel, PowerPoint) ва воситаҳои таҳияи ҳисобот.

      Диққати Мушовирони ҳавасманд ба бандҳои 3.14, 3.16 ва 3.17-и «Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо барои қарзгирони ИФП» (Procurement Regulations for IPF Borrowers) аз сентябри соли 2025 (минбаъд - «Қоидаҳо»), ки сиёсати Бонки ҷаҳонӣ оид ба ихтилофи манфиатҳоро муқаррар менамоянд, ҷалб карда мешавад.

      Мушовир мутобиқи усули интихоби мушовирони инфиродӣ, ки дар Қоидаҳои Бонки ҷаҳонӣ оид ба харидҳо муқаррар шудааст, интихоб карда мешавад.

      Маълумоти иловагӣ метавонад дар суроғаи зерин дар соатҳои корӣ аз соати 08:00 то 16:00 бо вақти маҳаллӣ дастрас карда шавад.

      Изҳори ҳавасмандӣ, аз ҷумла резюме (CV) ва номаи ҳамроҳ, метавонанд ба забонҳои англисӣ, русӣ ё тоҷикӣ пешниҳод карда шаванд ва бояд то соати 16:00 бо вақти маҳаллӣ санаи 26 октябри соли 2026 ба суроғаи электронии зерин фиристода шаванд.

      Ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи номзадҳо бояд тахассус, таҷрибаи касбии дахлдор ва қобилияти онҳоро барои иҷрои супориши мазкур пурра инъикос намоянд. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда, аз ҷумла резюме (CV) ва номаи ҳамроҳ, бояд мухтасар буда, дар маҷмӯъ аз даҳ (10) саҳифа зиёд набошанд.

       Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва

      идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Лоиҳаи Тавонмандсозии иқтисодии занони Тоҷикистон (TWEEP)

      Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 40

      Почтаи электронӣ: mahmadaliev.proc@gmail.com

      Нусха: khurshedai_qodir@mail.ru

      Нусха: orzuahmadzoda1979@gmail.com

       


      16.10.2026
      216
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Низоми иҷозатдиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2026 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика Сайты Таджикистана. Единый каталог сайтов
      ТАМОС БО МО