ТАМОС БО МО
17 майи 2024 дар ҳамбастагӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон, Ассосиатсияи Ҷопон оид ба савдо бо Русия ва ИДМ (РОТОБО), Бизнес-форум дар мавзӯи “Тоҷикистон ва Ҷопон – векторҳои ҳамкориҳои сармоягузории дар иқтисоди сабз” дар шакли маҷозӣ баргузор гардид.
Дар кори Форум доираи васеи ширкаткунандагон аз зумраи роҳбарону масъулини вазорату идораҳои давлатии кишвар, соҳибкорону сармоягузорон, роҳбарият ва намояндагони ширкату корхонаҳои бонуфузи ҷопонӣ ва тоҷикистонӣ – дар маҷмуъ зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд.
Ҳамзамон, ба соҳибкорони ҷопонӣ имкониятҳо ва фазои сароягузории соҳаҳои мухталифи кишвар муаррифӣ гардида, аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ лоиҳаҳои афзалиятнок ба ҷониби ҷопонӣ барои ҳамкорӣ пешниҳод гардиданд.
Дар баробари ин, коршиносон аз ҷониби Ҷопон шарҳу назари худро роҷеъ ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву сармоягузорӣ пешниҳод карданд. Мақсад аз баргузории Бизнес-форуми мазкур таҳкиму густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ аз тариқи ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дар ин замина дарёфти роҳҳои нави амалӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак мебошад.