Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Озарбойҷон

       Санаи 20 майи соли 2024 дар ҳошияи сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор гардид.

      Дар чорабинӣ Вазири иқтисоди Ҷумҳуруии Озарбойҷон - Микаил Ҷаббаров, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - Султон Раҳимзода, Директори иҷроияи Агентии мусоидат ба содирот ва сармоягузории Ҷумҳурии Озарбойҷон (AZPROMO)  - Юсиф Абдуллаев, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон - Шералӣ Кабир, Раиси Шӯрои Агентии рушди соҳибкории хурду миёнаи Ҷумҳурии Озарбойҷон (KOBIA) - Орхан Мамедов ва Директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Баҳриддин Сироҷидинзода суханронӣ намуданд.

      Дар Анҷуман имконияти ҳамкории доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони ду кишвар дар самтҳои саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасониҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуда, аз доираҳои соҳибкорону сармоягузорони Озарбойҷон барои иштирок дар лоиҳаҳои сармоягузории афзалиятноки Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд.

      Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур муаррифии зарфият ва имкониятҳои сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва дар ин замина густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни соҳибкорону сармоягузорон ва дарёфти роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти ташкили корхонаҳои муштарак ба ҳисоб меравад.

      Имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз ҷониби сардори Шуъбаи кор бо сармоягузорони Агентии мусоидат ба содирот ва сармоягузории Ҷумҳурии Озарбойҷон (AZPROMO) Наргиз Насирзаде ва сардори Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -Забирзода Некрӯй тавассути рӯнамо ба ҳозирин муаррифӣ карда шуданд.

      Дар Анҷумани мазкур беш аз 200 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб, аз ҷумла роҳбарон ва масъулини вазорату идораҳо, соҳибкорону сармоягузорон ва намояндагони ширкату корхонаҳои соҳаҳои гуногуни фаъолияти хоҷагидории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаҳои саноат, инфрасохтор, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, хизматрасониҳои молиявӣ ва сайёҳӣ ширкат варзиданд.

      Пас аз қисмати расмии Анҷуман, вохӯриҳои дуҷониба дар формати B2B ва B2G баргузор гардида, зиёда аз 15 санади нави ҳамкорӣ ба маблағи 700 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуданд.

      Иштирокчиёни Анҷуман ба рушди муносибатҳои дуҷониба ва баимзорасонии созишномаю шартномаҳои мутақобилан судманд, ки фарогири ҳамаи соҳаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд низ чунин чорабиниҳоро мунтазам баргузор менамоянд.

       

      АКСҲО:

      21.05.2024
      1 716
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО