Санаи 28 октябри соли 2022 баррасии сеҷонибаи портфели лоиҳаҳое, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд (БОР) маблағгузорӣ мешаванд, дар семоҳаи сеюми соли 2022, бо иштироки раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ, намояндаи доимии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон Шенни Кэмпбелл, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷидӣ Юсуф ва роҳбарони Лоиҳаҳо баргузор гардид.
Дар доираи чорабинӣ самаранокии татбиқи лоиҳаҳо, рафти амалишавӣ ва мушкилотҳои ҷойдошта баррасӣ ва арзёбӣ гардиданд.
Бояд қайд намуд, ки Бонки Осиёии Рушд яке аз шарикони калидии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, аз ҷониби Бонк ба ҳолати 1 октябри соли 2022 17 лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 930 млн доллар, аз ҷумла 4 лоиҳа дар соҳаи энергетика, 3 лоиҳа дар соҳаи нақлиёт, 3 лоиҳа дар соҳаи кишоварзӣ, 3 лоиҳа дар соҳаи обтаъминкунӣ ва ирригатсия, 2 лоиҳа дар соҳаи маориф ва 2 лоиҳа дар соҳаи тандурустӣ татбиқ шуда истодаанд.
Чорабинии мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ баргузор гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо иброз намуданд.