Санаи 27 октябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-Тоҷикистон мизи мудаввар бо доираи тиҷоратии Амрико баргузор гардид.
Дар чорабинӣ роҳбарият ва масъулини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, роҳбарият ва аъзоёни Шӯрои соҳибкории Иёлоти Муттаҳидаи Амрико-Тоҷикистон, инчунин ширкатҳои бонуфузи амрико аз қабили ширкатҳои General Electric, Coca-Cola, Valley irrigation, VISA иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ оғоз гардида, дар он роҳбарони вазорату идораҳо ва бахши хусусии ҳардуҷониб суханронӣ намуданд.
Дар ин раванд иштирокчиён вобаста ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва бонкӣ маълумот дарёфт намуда, ҷиҳати роҳандозӣ ва тавсеа коршарикӣ бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карданд.
Пас аз анҷоми қисми расмии чорабинӣ вохӯрии бахши хусусии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо бахши давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар фарҷом аз иштирокчиёни мизи мудаввар даъват ба амал оварда шуд, ки дар амалишавии лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва тиҷоратӣ саҳм гузошта, барои ташкили корхонаҳои муштарак таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.