Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси Кумита, сардорон ва масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони ташкилотҳои системаи Кумита бахшида ба “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” чорабинӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муоивни раиси Кумита Зуҳурзода Саид бо сухани ифтитоҳӣ оғоз карда, ҳозиринро ба ин рӯзи муҳиму идона самимона табрик намуд.
Қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷикистонии ватандӯсти бонангу номус мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоташон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Сипас, вобаста ба ин ҷашни муҳим сармутахассиси раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва мониторинги санҷишҳо, Шарифзода Муҳаммад Қобил муфассал баромад намуд.
Дар охир раисикунанда аз маърӯзаи баромадкунанда натиҷагирӣ намуда, бори дигар кормандонро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, ба ҳозирин хонаи обод, тандурустиву хушбахтӣ ва дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаву бунёдкорӣ, муваффақиятҳои беназирро орзу намуд.