25 августи соли 2022 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофот ва унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро супориданд.
Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати ҷашни миллӣ 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ таҳният гуфта, таъкид намуданд, ки дар арафаи ҷашни солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонидани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла аҳли зиё, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони дигар соҳаҳо нишонаи қадршиносии Ҳукумат дар давлатдории миллии мо мебошад.
Ҳамзамон, бояд қайд намуд, ки муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муҳтарам Зуҳурзода Саид Холаҳмад дар маросими мазкур иштирок варзида, бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардиданд.
Коллективи кормандони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муҳтарам Зуҳурзода Саид Холаҳмад ва ҳамватанонро бо гирифтани мукофотҳои олии мамлакат табрик гуфта, барояшон саломатӣ ва дар кору фаъолияти пурмасъулияташон бурдбориҳои беназирро таманно дорем.