Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати молиявии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) рӯзҳои 16-23 июни соли 2022 ҳайати кишвар, аз ҷумла намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Муассисаи давлатии "Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон", “КВД “Шаҳри ҳушманд”-и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва IT ширкати “Илмхона” ҷиҳати мубодилаи таҷриба дар самти “шаҳри ҳушманд” ва технологияҳои рақамӣ ба шаҳрҳои Истанбул ва Анқараи Ҷумҳурии Туркия сафарбар шуд.
Дар ҳошияи сафар, 21 июни соли 2022 ҳайати мазкур дар шаҳри Анқара бо масъулини Вазорати муҳити зист, шаҳрсозӣ ва тағйирёбии иқлими Туркия вохӯрӣ намуда, вобаста ба дастовардҳо, стратегияву барномаҳо ва лоиҳаҳои низоми “шаҳри ҳушманд”-и Туркия маълумоти зарури дастрас намуд. Ҳайати мазкур инчунин бо намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои Туркия ва технопарки “TeknoPark Ankara” вохӯрӣ намуда, оид ба қонунгузорӣ, фаъолият ва лоиҳаҳои технопаркҳо мубодилаи афкор намуданд.