Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидати намояндагии дипломатӣ дар Анқара ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ ва Сафир Ашрафҷон Гулов дар 25-умин Саммити иқтисодии Авруосиё, ки рӯзҳои 7-9 июни соли 2022 дар шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия ба нақша гирифта шудааст, иштирок намуданд.
Роҳбари ҳайат дар панели “Энергияи нав барои Иқтисодиёт” ширкат варзида, зимни суханронии хеш вобаста ба иқдомҳои роҳбарияти олӣ ва ҳукумати кишвар дар самти беҳтаркунии фазои сармоягузорӣ, тавлиди энергияи сабз ва самаранок истифодабарии он, инчунин ҳадафҳои стратегӣ ва раванди саноатикунонии кишвар таъкид намуд.
Қобили зикр аст, ки Саммити мазкур яке аз платформаҳои бонуфузи сатҳи байналмилалии кишвари иқомат дар самти баррасии вазъи кунунӣ иқтисодиёти ҷаҳон ба ҳисоб рафта, ҳамасола аз ҷониби Гуруҳи фондҳои Мармара бо иштироки роҳбарияти кишварҳои хориҷӣ, сиёсатмадорон, аз ҷумла собиқ коршиносони масоили иқтисодӣ ва доираи сармоягузорону ширкатҳои трансмиллӣ дар шаҳри Истанбул бо шукуҳу ҳашамати хос баргузор гардид.