Размер шрифта
Цвет фона и шрифта
Изображения
Озвучивание текста
Обычная версия сайта
Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • ДАР БОРАИ КУМИТА
  • МАРКАЗИ МАТБУОТӢ
  • ТЕНДЕРҲО
  • ТАМОС
  • ...
    "/>
    Русский English
    Тоҷикӣ
    Сармоягузорӣ
    • Сармоягузории давлатӣ
    • Имкониятҳои сармоягузорӣ
    • Роҳнамои сармоягузор
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    • Харитаи сармоягузорӣ
    Соҳибкорӣ
    • Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
    • Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
    • Механизмҳои ҳамкорӣ
    • Санҷиши фаъолият
    • Раёсати иҷозатномадиҳӣ
    • Рейтингҳо
    • Соҳибкории занон
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Моликияти давлатӣ
    • Идораи моликияти давлатӣ
    • Таҷдид ва хусусигардонӣ
    • Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
    • Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
    Чаро Тоҷикистон?

      • Тоҷикӣ
        • Забон
        • Тоҷикӣ
        • Русский
        • English
      • +992 (37) 221-86-59
      • Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734000, ш. Душанбе, Шоҳтемур 27.
      • info@investcom.tj
      • Соатҳои корӣ аз 8:00 то 17:00

      Вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини сардори Корпоратсияи байналмилалии рушди молиявии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико

      Санаи 26 майи соли 2022 вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини сардори Корпоратсияи байналмилалии рушди молиявии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

      Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Саъдӣ Қодирзода оғоз намуда, иттилоъ дод, ки ташрифи ҷониби амрикоиро ба Тоҷикистон дар таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ бо бартарӣ ба ҷалби сармоя боз як саҳифаи навро хоҳад кушод. 

      Қайд гардид, ки феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 ширкат, ки дар сармояи оинномавии онҳо ҳиссаи корхонаҳои амрикоӣ мавҷуд мебошад, фаъолият намуда истодаанд.

      Тайи солҳои 2015 – 2021 аз ҷониби сармоягузорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 297,8 млн. доллар ворид гардидааст, ки аз ин 41,5 млн. долларро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

      Дар рафти мулоқот муовини сардори Корпоратсияи байналмилалии рушди молиявии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷаноби Наз Эл-Хатиб ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои дуҷонибаи сармоягузориву тиҷоратӣ изҳори омодагӣ баён намуд.

      Ҷониби Тоҷикистон иттилоъ дод, ки айни замон дар ҳудуди кишвар 5 минтақаҳои озоди иқтисодӣ мавҷуд мебошад ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти сармоягузориро фаъолона ҳавасманд менамояд, ки дар айни ҳол ба сармоягузорон зиёда аз 100 сабукиву имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ пешниҳод гардидааст.

      Ҳамзамон, вобаста ба фаъолиятҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Муассисаи давлатии “Ташаккул ва рушди соҳибкорӣ Бизнес-инкубатор”, мақсади қабул гардидани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ва роҳандозии барномаи мобилии “Соҳибкор” маълумоти мушаххас пешниҳод карда шуд. 

      Дар рафти мулоқот ҷониби амрикроӣ ба татбиқи лоиаҳоҳои сармоягузории самти гидроэнергетика ва дастгирии   соҳибкорзанони навроҳ таваҷҷӯҳ намуда, корбариро дар ин самт мувофиқи мақсад ҳисобиданд.

      Дар маҷмӯъ, вохурӣ дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид.


      26.05.2022
      2 121
      Саҳифаи асосӣ
      • Хабарҳо
      • Эълонҳо
      • Форумҳо
      • Ҳуҷҷатҳо
      • Нашри матбуотӣ
      • Видеомаводҳо


      Сармоягузорӣ
      Сармоягузории давлатӣ
      Имкониятҳои сармоягузорӣ
      Роҳнамои сармоягузор
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Харитаи сармоягузорӣ
      Соҳибкорӣ
      Дастгирии давлатии соҳибкорӣ
      Нишондиҳандаҳои рушди фаъолияти соҳибкорӣ
      Механизмҳои ҳамкорӣ
      Санҷиши фаъолият
      Раёсати иҷозатномадиҳӣ
      Рейтингҳо
      Соҳибкории занон
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Моликияти давлатӣ
      Идораи моликияти давлатӣ
      Таҷдид ва хусусигардонӣ
      Сохторҳои идораи амволи давлатӣ
      Заминаи меъерӣ-ҳуқуқӣ
      Чаро Тоҷикистон?
      2024 © Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      Яндекс.Метрика
      ТАМОС БО МО