Санаи 26 майи соли 2022 бо ташаббуси Суди олии иқтисодӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи Давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ – амалӣ таҳти унвони «Саҳми сармоягузорон дар рушди саноат: баррасии муроҷиатҳои сармоягузорон, мушкилотҳо ва роҳҳои ҳалли он» баргузор гардид.
Қисмати расмии ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ оғоз гардид.
Пас аз анҷоми қисмати расмӣ, ҳамоиши илмӣ – амалӣ дар 2 панели ҷудогона дар мавзуҳои «Баррасии баҳсҳо дар марҳилаи то судӣ» ва «Баррасии баҳсҳо дар марҳилаи судӣ» идома ёфт.
Дар кори панелҳо, дар маҷмуъ беш аз 70 нафар намояндагони мақомотҳои дахлдор, аз ҷумла Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералӣ, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, энергетика ва захриаҳои об, нақлиёт, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, кумитаҳои андоз, меъморӣ ва сохтмон, хадамотҳои гумрук ва зиддиинҳисорӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Саридораи геология, Арбитражи байналмилалии тиҷоратии назди Палатаи савдо ва саноат, Корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк», Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ширкати Топ Консалтинг ва ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи соҳибкорон ва сармоягузорон» иштирок ва бо маърузаҳои худ баромад намуданд.
Дар рафти ҳамоиши мазкур, аз ҷониби иштирокчиён вобаста ба мақсаду вазифаҳои барои боз ҳам беҳтар намудани фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ заминагузор муҳокимаронии озод сурат гирифт.
Дар даврони Истиқлол беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ миллӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвари мо табдил ёфт. Давоми 30 соли соҳибихтиёрӣ шумораи субъектҳои соҳибкорӣ бо дарназардошти хоҷагиҳои деҳқонӣ ё фермерӣ ба маротиб зиёд гардидааст.
Мунтазам амалӣ намудани тадбирҳои судманд дар самти беҳтар намудани фазои соҳибкорию сармоягузорӣ ба баланд гардидани мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рейтингҳои байналмилалӣ оид ба пешбурди соҳибкорӣ замина гузошта, ҷумҳурии мо сол то сол дар ин раддабандӣ ба пешравиҳо ноил мегардад.
Тазаккур бояд дод, ки асоси рушди иқтисодиву иҷтимоии ҳар як давлат ва ҷомеа аз ҷалби сармоя вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, беҳтар гардонидани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи мустақим барои таъмин намудани рушди соҳаи саноат мусоидат менамояд. Дар ин самт соддаву шаффоф гурдонидани баррасиву ҳалли муроҷиатҳои соҳибкорону сармоягузорон тавассути ҷорӣ намудани низоми электрониву рақамӣ мақсаднок мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувори кишвар соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳимтарин маҳсуб ёфта, бояд таваҷҷуҳи асосӣ ба тақвияти истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани технологияҳои нав, истифодаи ҳарчи бештари манбаҳои ашёи хоми маҳаллӣ, коркарди пурраи он ва истифодаи васеи захираҳои меҳнатӣ равона карда шавад.
Бинобар ин, аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон гардид. Вобаста ба ин, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани даромади пулии аҳолӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии кишварро таъмин мекунад, ҳадафнок шуморида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ, таклифҳои мушаххас оид ба тақвият бахшидани баррасии муроҷиатҳои сармоягузорон вобаста ба ҳалли мушкилотҳои онҳо ва бо ин тарз боз ҳам беҳтар намудани фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар манзур гардиданд.
Ҳамоиш дар руҳияи созанда баргузор гардида, иштироккунадагон бо назардошти муҳимияти таъмини рушди иқтисодӣ таввасути ҷалби сармоя фаъолона мубоҳиса намуданд.