Санаи 14 майи соли 2022 дар меҳмонхонаи «Румӣ» Мизи мудаввар бо иштироки соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистону Миср баргузор гардид.
Дар чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - Хуршед Мирзо, намояндаи Ҷумҳурии Арабии Миср, директори генералии “ТВА Group” – ҷаноби Муътоз Мухаммед ва муовини Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Манзура Рустамова баромад намуданд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур таҳкими ҳамкории судманди тиҷоратию иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Арабии Миср ва ҷалби сармоя ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ мебошад.
Зимни чорабинӣ намояндаи Кумита – Бодуршозода Мералӣ вобаста ба имкониятҳои сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҷумҳурии Арабии Миср – Доктор Эл – Саид Эл Маграбӣ оид ба имкониятҳои сармягузории Ҷумҳурии Арабии Миср, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Салим, намояндаи Миср – Доктор Осама Камол ва намояндаи “Pharco group” – ҷаноби Муҳаммад Руслан оиди икониятҳои рушди соҳаи тиб ва фармасевтӣ тавассути рунамо баромад намуданд.
Дар ин раванд иштирокчиён вобаста ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо маълумот дарёфт намуда, ҷиҳати роҳандозӣ ва тавсеаи коршарикӣ бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карданд.
Пас аз анҷоми қисмати расмии чорабинӣ мулоқоти соҳибкорону сармоягузорони дуҷониба дар сиғаи В2В идома ёфта, дар ин қисмат иштирокчиён дар соҳаҳои саноат, дорусозӣ, сайёҳӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худ, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои муштарак ва содироти молу маҳсулот гуфтушунид намуданд.
Сипас, дар доираи баргузории Мизи мудаввар байни доираҳои соҳибкорию сармоягузории ду давлат як қатор санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Дар маҷмуъ, чорабинии мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардида, байни ҷонибҳо мубоҳисаи хубу доманадор барои дарёфти роҳҳои нави ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ сурат гирифт.