Ба таваҷҷӯҳи соҳибкорону сармоягузорон расонида мешавад, ки рӯзҳои 22-24 июни соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Қасри варзиш»-и шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» баргузор мегардад.
Ярмаркаи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» бо мақсади дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкориҳо миёни кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ соли нуҳум аст, ки дар вилояти Суғд ташкил карда мешавад
Дар доираи IX байналмилалии савдо «Суғд-2023» ҳамзамон гузаронидани Форуми тиҷоратию сармоягузорӣ низ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки дар ярмака ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни худро муаррифӣ намуда, барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расонанд.
Барои пайдо намудани малумоти бештар ва иштирок намудан дар IX Ярмаркаи байналмилалии савдои «Суғд – 2023», Шумо метавонед тариқи почтаи электронии info@tpp-sugd.tj ва телефонҳои +992 92 7738077, (83422) 6-16-40 ва 6-18-17 ба Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд муроҷиат намоед.