Санаи 14 феврали соли 2023 дар маҷлисгоҳи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли 2022 бо иштироки раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзода Хуршед, роҳбарият ва масъулони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, ташкилотҳои системаи Кумита ва намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар баргузор гардид.
Нахуст дар назди рӯзноманигорон аз ҷониби раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод вобаста ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар соли ҷорӣ аз ҷумла, оид ба раванди ислоҳоти иқтисодии пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя, дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки моликияти давлатӣ, мониторинги лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ маълумоти мухтассар дода шуд.
Аз ҷониби роҳбарияти Кумита, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумита ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба ҷалби сармояи мустақим, идораи самараноки моликияти давлатӣ, хусусигардонии амволи давлатӣ, таҳкими қонунгузорӣ дар самти соҳибкорию сармоягузорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорону сармоягузорон, маълумоти оморӣ дар самти таъсис ва барҳамхурии субъектҳои соҳибкорӣ бо сурат гирифтани суҳбати ошкору возеҳ посухҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир раисикунанда ба намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷиҳати ҳамкориҳои судманди доимиашон изҳори миннатдорӣ баён намуда, зикр карданд, ки чорабинии имрӯза барои таъмини шаффофияти фаъолияти Кумита ва ҳамкориҳои сермаҳсули минбаъдаи мо мусоидат хоҳад кард.
АКСҲО: