Санаи 28 январи соли 2022 бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои системаи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вобаста ба омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҳамоишро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод ифтитоҳ карда, баён намуд, ки Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди ҷомеа ва давлат маҳсуб буда, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мамлакатро муайян менамояд. Воқеан, гарчанде, ки Паём барои таҳқиқи сиёсати давлатии Сарвари давлат дар давраи муайян ҳамчун барномаи асосӣ хизмат мекунад, аз ҷиҳати мазмун ва моҳияти худ ин ҳисобот и Сарвари давлат ва Ҳукумат дар назди тамоми сокинони мамлакат мебошад.
Дар ҳамоиш бо маъруза Гулмаҳмадзода Зулфиқор - вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сайнозимзода Фируз – мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон муфассал баромад намуданд.
Дар ҷамъбаст раиси Кумита Қодирзода Саъдӣ бо таъкид изҳор дошт, ки ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқат ба Ватан, ба миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.